ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Маротибаи чорум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон баргузор мегарданд
Дар назар аст, ки ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳри Ҳисор барномаи ҳунарӣ пешниҳод намояд. Инчунин ҳайати расмӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи "Наврӯз" ва Маҷмааи "Истиқлол"-ро тамошо менамояд.
Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Беларус бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Елена Турова барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон "Навомӯз", Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарсҳои "Устод ва шогирд" гузаронида мешаванд.
Имсол маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон доир мегарданд.
Муовини якуми Вазири фарҳанги Беларус Валерий Громада гуфт, ки Тоҷикистон ва Беларусро робитаҳои зичи фарҳангӣ мепайванданд.
"Дар Фестивали байналхалқии театрҳо дар Минск ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон бо беҳтарин намоишҳо иштирок намуданд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон дар таърихи фарҳангии муносибатҳои мо марҳилаи муҳим гардид", — иброз дошт Валерий Громада.
Тавре Муовини якуми Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён иброз дошт, робитаҳои фарҳангию башардӯстонаи ду мамлакат ба таври устувор инкишоф меёбанд.
Ҳамчунин 25 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Бо хуни дил" намоишгоҳи адабии мустанад баргузор шуд, ки дар он аксу мусаввараҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.