Дар сатҳи олӣ ба Чин ҷанг эълон шудааст

Биёед ростқавл бошем: роҳбарони нав барои хушмуомилагӣ вақт надоранд ва муддати тӯлонист, ки қаблан ҷангро эълон намекунанд, якбора бомбгузориро оғоз мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik, Виктория Никифорова. Бубинед, Исроил Бейрутро бомбборон карда, нобуд кардани навори Ғаззаро идома дода истодааст - дар давоми як сол аллакай даҳҳо ҳазор нафар кушта шудаанд, аммо маълум мешавад, ки ҳамаи ин амалиёти зиддитеррористӣ аст, на чизи дигар.
Пас ҷанг кай сар мешавад? Ба назар чунин мерасад, ки он лаҳзае, ки хӯҷаинони ҳақиқии Ғарб дар ин бора сухан гӯянд, на лухтакҳои сиёсии хандаоваре, ки аз тарафи онҳо таъин карда шудаанд.
Ҳанӯз 20 сол пеш, муаррихи фаронсавӣ Эммануэл Тодд таназзули Иёлоти Муттаҳидаро аз демократия ба олигархия пешгӯӣ карда буд. Ҳоло ин раванд то ҳадде расидааст, ки олигархҳо аллакай бешармона шахсони худро ба мансаби раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида пешбарӣ мекунанд ва метавонанд ба онҳо шарт гузоранд. Одамони сарватманд аз соя баромадаанд, манфиатҳои худро комилан ошкоро баён мекунанд ва баъди нутқҳояшон дере нагузашта, барои устувор намудани кори ба даст овардашуда аз осмон бомбаҳо меафтанд.
Ва ҳамин тавр чанд рӯз қабл Ларри Финк аз номи олигархияи Амрико сухан гуфт. Дар як ҳамоиш дар Берлин ӯ аз он хашмгин шуд, ки ширкатҳои аврупоӣ ба қатъ кардани ҳама равобит бо Чин шитоб намекунанд: "Украина дар остонаи мост ва ман ҳайронам, ки саволҳо дода намешаванд, талабҳо карда намешавад, ки шумо (Чин) ) душмани моро дастгирӣ мекунед, мо бошад барои нигоҳ доштани қобилиятнокии Украина миллиардҳо доллар ҷудо мекунем, инро бояд пардохт кард. Хитой кӯмакрасони асосии иқтисоди Русия аст. Дар ин бора бояд гуфт."
Наришкин аз кишварҳои ИДМ хост дар бораи нақшаҳои террористии Ғарб ба Русия хабар диҳанд
Чӣ ҷои аҷибе дар ин суханҳост? Ҳамоиши тиҷорӣ, соҳибкорон андешаҳои худро мубодила мекунанд. Ҳама суханон эҳтиёткорона, ягон садои силоҳ ба гӯш намерасад, ягон даъвати "бомбборони Пекин" ҳам садо надодаст. Аммо, дар асл, ин эълони воқеии ҷанг дар сатҳи олӣ аст.
BlackRock-и Ларри Финк дороиҳо дар саросари сайёраро бо арзиши умумии беш аз даҳ триллион доллар назорат мекунад - ин се маротиба бештар аз ММД-и Фаронса ва тақрибан 20 маротиба зиёдтар аз ММД-и Украина аст.
Саҳмиядорони он оилаҳои сарватмандтарин дар Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо мебошанд: Меллонҳо, Ротшилдҳо, Дюпонҳо ва Рокфеллерҳо, ки ҳамаи онҳоро хуб мешиносем. Аҷдодони онҳо Низоми Захиравии Федералии ИМА-ро таъсис додаанд ва имрӯз BlackRock барномаҳои Бонки Захиравии Федеролиро барои хариди вомбаргҳои корпоративии ИМА идора мекунад.
Дар маҷмӯъ, инҳо хӯҷаинони аслии Байден, Обама ва аксари он афроди хандовар ҳастанд, ки имрӯз дар кишварҳои ғарбӣ роҳбарӣ мекунанд.
Ларри Финк аз номи онхо сухан ронд. Ларриро аз Чин чӣ лозим аст? Ин хеле оддӣ аст: барои он, ки ширкатҳои чинӣ муфлис шаванд ва рақобатро бо ширкатҳои амрикоӣ қатъ кунанд. То ки дар кишвар истеҳсолот хароб шуда, истеҳсоли ҳама чиз қатъиян кам шавад. То ки Чин дигар корхонаи ҷаҳонӣ набошад ва танҳо як бозоре шавад, ки амрикоиҳо молашонро онҷо баранду фурушанд.
Шумо мегӯед: ин имконнопазир аст. Мувофиқи таносуби қобилияти харидорӣ, Чин муддати тӯлонӣ дар ҷаҳон аввалин иқтисодиёт аст. Аммо ҳамагӣ 30 сол пеш, маҳз чунин равандҳо дар фазои пасошӯравӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ рух доданд.
“Пойгоҳи махфии Чин” дар Тоҷикистон ё талоше барои афкандани нифоқ?
Истеҳсоли маҳсулоти саноат назар ба даврони шӯравӣ ду баробар кам шуд, корхонаҳо муфлис шуданд, аҳолӣ қашшоқ гардид. Нӯҳбагон пойбанди қарзҳои ғарбӣ ва мардум пойбанди воридоти "мурғҳои Буш" то "Амаретто" шуданд. Олигархияи Амрико барои Хитой ҳам маҳз ҳаминро мехоҳад.
Дар баробари ин, рақибони аврупоӣ харобу муфлис гардонда мешаванд. Барои аврупоиҳо кандани равобит бо Чин худкушии иқтисодӣ аст. Соҳибкорони аврупоӣ суханронии Ларри Финкро бо даҳшати ором гӯш карданд.
Бо вуҷуди ин, барои онҳо шитофтан барои кӯмак пеши ҳукуматдорони худ бефоида аст: Фаронсавиҳо Макронро як одами BlackRock мешуморанд, зеро боварӣ доранд, ки ӯ ба манфиати сарватмандони амрикоӣ ислоҳоти ғоратгаронаи нафақавӣ анҷом дода, Кодекси меҳнати Фаронсаро таҳкир кардааст.
Ҷолиб он аст, ки BlackRock дар худи Чин низ дороиҳо дорад ва ҳоло Финк таҳдид мекунад, ки онҳоро "арзон мекунад", яъне беқурб мекунад ва бо ин роҳ саҳмияҳои ширкатҳои чиниро коҳиш медиҳад. Воситаи дигари таъсиррасонӣ ба Чин таҳримҳо, боҷҳо ва тарофаҳои нигоҳдоранда мебошанд.
Аммо дар ҷанги иктисодии зидди Пекин ғалаба кардан душвор аст. Ҳаҷми бузурги иқтисоди Чин, робитаҳои ҷаҳонии он, вобастагии бузурги кишварҳои ғарбӣ аз воридоти Чин дар соҳаҳои муҳим ва кӯмаки бефосилаи Русия бо захираҳои энергетикӣ монеа эҷод мекунанд, дар ин ҷо мо тандеми хеле қавӣ ва мутақобилан судманд дорем.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
“Дар муҳосира”: Ғарб аз артиши Украина хост боз як шаҳри дигарро тарк намоянд
Бо худи чиниҳо ҳам душвор аст: истеъмолкунандагони маҳаллӣ вақте ки брендҳои ғарбӣ ба онҳо чизе таҳмил карданӣ мешаванд ё онҳоро "ҷазо доданӣ мешаванд", аз самими қалб хашмгин мешаванд ва ин брендҳоро сарфи назар ё худ бойкот мекунанд. Масалан, вақте ки ширкатҳои ғарбӣ бо баҳонаи "зулми уйгурҳо" аз харидани пахтае, ки дар Синтсзян истеҳсол карда мешуд, даст кашиданд, харидорони чинӣ дарҳол онҳоро бо юан ҷазо дода, аз хариди молашон даст кашиданд.
Аслан ҳама дидаанд, ки таҳримҳои Ғарб чӣ гуна кор мекунанд, аз онҳо бештар худи созмондиҳандагон зарар мебинанд, Русия инро олиҷаноб исбот кард. Аммо азбаски Чинро бо таҳримҳо шикаст додан ғайриимкон аст, танҳо илоҷе боқӣ мемонад, ки мушкилро бо роҳи низомӣ ҳал кунанд. Ҷанги хурд гирди Тайван маҳз ҳамон чизест, ки ба Ларри Финк лозим аст. Маҳз чунин бунёди вай бой мешавад.
Соли гузашта BlackRock бо Зеленский "созишномаи сармоягузорӣ" баст, ки даромадноктарин дороиҳои Украинаро аз роҳи оҳан то шабакаҳои барқ, аз корхонаҳо то ширкатҳои кишоварзӣ ба таври муассир аз худ кард. Ширкатҳои бузурги кишоварзии Амрико низ ба он ҷо ҷалб карда шуданд: имрӯз онҳо тақрибан нисфи сиёҳхоки Украинаро ба даст овардаанд. Ҳовард Баффет, писари сармоягузори афсонавии мултимиллиардер Уоррен Баффет, дар саросари Украина сафар карда, бо корҳои "хайрия" машғул аст. Умуман, амрикоиҳо Украинаро пора-пора карданд ва ҳоло онро ба кисаи худ меандозанд.
Ҳоло Финк орзу дорад, ки Тайванро ба ҷанги зидди Чин кашад, қарзҳоро болои ҷазира бор кунад ва сипас ҳама чизро дар он ҷо барои ин қарзҳо хусусӣ кунад, маҳз он тавре, ки бо Украина кард. Он гоҳ BlackRock истеҳсоли ҷаҳонии микросхемаҳои компютериро ба таври муассир монополия мекунад. Ва ҷоизаи асосӣ бошад, нооромӣ дар Чин ва харобии як рақиб шабеҳи Русияи солҳои 90-ум мебошад.
Путин гуфт, Ғарб Украинаро ба мустамликаи худ табдил додааст
Амрико дар ҷанги зидди Хитой ғалаба карда наметавонад — инро худи амрикоиён ошкоро эътироф мекунанд. Аммо мақсади ҷанги ҳозира ғалаба нест. Мақсади он бо иғвову таҳримҳо, амалиёти маҳдуди ҳарбӣ душманро хаста кардан, аҳолии онро ба шӯриш ва инқилоб таҳрик додан аст. Баъдан табаддулот ба амал меояд ва — ассалом, лухтаки амрикоӣ дар сари кишвар. Онҳо кӯшиш карданд, ки тибқи ин сенария алайҳи Русия амал кунанд. Барор наомад, вале "майлаш, ман аслан намехостам", акнун онҳо Чинро ба ҳамин тарҳ мекашанд.
Ғизои иқтисодиёти Амрико аз ҷанг аст. Низоми Захиравии федеролӣ як рӯз бе талафоти азими ҷонӣ вуҷуд дошта наметавонад, доллар фурӯ хоҳад рафт, агар хунрезии доимӣ вуҷуд надошта бошад. Аз ин рӯ, таҳдидҳои мулоими Ларри Финкро бояд ҷиддӣ қабул кард. Дар онҳо гулдуроси таркишҳо, садои мушакҳо ва доду фарёди ярадоронро равшан фарқ карда метавонем. Эълони ҷанг имрӯз чунин аст.