https://sputnik.tj/20240930/putin-gharb-ukraina-mustamlika-tabdil-1064528717.html
Путин гуфт, Ғарб Украинаро ба мустамликаи худ табдил додааст
Путин гуфт, Ғарб Украинаро ба мустамликаи худ табдил додааст
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия аз мардумаш барои ваҳдату ҳамбастагӣ ташаккур кард ва таъкид намуд, ки ҳақиқат бо онҳост ва ҳама аҳдофи гузошташуда амалӣ хоҳанд шуд
2024-09-30T12:00+0500
2024-09-30T12:00+0500
2024-09-30T12:28+0500
владимир путин
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0c/1063909061_0:0:3188:1793_1920x0_80_0_0_b5fe7c41c8396cc5f59586b6a72c1d79.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Элитаи ғарбӣ Украинаро ба мустамликаи худ, як трамплини низомӣ табдил додаанд, ки ҳадафи он Русия аст. Дар ин бора Владимир Путин дар як паёми видеоӣ ба ифтихори Рӯзи муттаҳидшавии чаҳор минтақаи нав бо Русия ёдовар шуд ва таъкид кард, ки Маскав талош кард, ба ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Украина ноил шавад, аммо нашуд. Ӯ гуфт, Ғарб артиши Украинаро ба ҷанги нав омода мекард, то мисли соли 2014 боз дар ҷанубу шарқ ва Қрим ҳадафи ҳамлаи муҷозотӣ ташкил кунад. "Онҳо ба таври мунтазам нафрат ва миллатгароии радикалиро паҳн карданд, душманиро нисбат ба ҳама чизи русӣ барангехтанд, силоҳ медоданд, зархаридон ва мушовирон мефиристоданд, артиши Украинаро ба ҷанги нав омода мекарданд, то боз мисли баҳору тобистони соли 2014 дар ҷанубу шарқ як амалиёти муҷозотӣ ташкил кунанд", - гуфт Путин.Вай афзуд, ки на танҳо Донбасс, балки Қрим ва манотиқи дигари Русия низ ҳадаф қарор гирифтаанд.Ӯ таъкид кард, ки ҳақиқат дар тарафи Русия аст ва ҳама ҳадафҳои пешбинишуда амалӣ хоҳанд шуд. "Ман ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар барои ин ваҳдат ва рӯҳияи ватандӯстӣ ташаккур мегӯям. Ҳақиқат дар тарафи мост. Ҳама ҳадафҳои пешбинишуда амалӣ хоҳанд шуд”, гуфт Путин".
https://sputnik.tj/20240929/lavrov-talosh-nato-mavqe-qafqoz-osiyoi-markazi-1064518362.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0c/1063909061_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e7cdef6efbda611969575f502b794d53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин ғарб украина мустамлика
путин ғарб украина мустамлика
Путин гуфт, Ғарб Украинаро ба мустамликаи худ табдил додааст
12:00 30.09.2024 (Навсозишуда: 12:28 30.09.2024) Раҳбари Русия аз мардумаш барои ваҳдату ҳамбастагӣ ташаккур кард ва таъкид намуд, ки ҳақиқат бо онҳост ва ҳама аҳдофи гузошташуда амалӣ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Элитаи ғарбӣ Украинаро ба мустамликаи худ, як трамплини низомӣ табдил додаанд, ки ҳадафи он Русия аст.
Дар ин бора Владимир Путин дар як паёми видеоӣ ба ифтихори Рӯзи муттаҳидшавии чаҳор минтақаи нав бо Русия ёдовар шуд ва таъкид кард, ки Маскав талош кард, ба ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Украина ноил шавад, аммо нашуд.
"Шумо медонед, ки ин музокирот чӣ гуна анҷом ёфт: дурӯғ, сохтакорӣ ва фиреби элитаи ғарбӣ, ки дар ин муддат Украинаро ба мустамликаи худ, ба як трамплини низомии зидди Русия табдил доданд",- гуфт президенти Русия.
Ӯ гуфт, Ғарб артиши Украинаро ба ҷанги нав омода мекард, то мисли соли 2014 боз дар ҷанубу шарқ ва Қрим ҳадафи ҳамлаи муҷозотӣ ташкил кунад.
"Онҳо ба таври мунтазам нафрат ва миллатгароии радикалиро паҳн карданд, душманиро нисбат ба ҳама чизи русӣ барангехтанд, силоҳ медоданд, зархаридон ва мушовирон мефиристоданд, артиши Украинаро ба ҷанги нав омода мекарданд, то боз мисли баҳору тобистони соли 2014 дар ҷанубу шарқ як амалиёти муҷозотӣ ташкил кунанд", - гуфт Путин.
Вай афзуд, ки на танҳо Донбасс, балки Қрим ва манотиқи дигари Русия низ ҳадаф қарор гирифтаанд.
Ӯ таъкид кард, ки ҳақиқат дар тарафи Русия аст ва ҳама ҳадафҳои пешбинишуда амалӣ хоҳанд шуд.
"Ман ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар барои ин ваҳдат ва рӯҳияи ватандӯстӣ ташаккур мегӯям. Ҳақиқат дар тарафи мост. Ҳама ҳадафҳои пешбинишуда амалӣ хоҳанд шуд”, гуфт Путин".