Wildberries мехоҳад ба бозори Тоҷикистон ворид шавад

Дар ҷараёни сафараш ба Душанбе раиси ширкати Wildberries Татяна Ким бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ёддошти ҳамкорӣ имзо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Маркетплейси Русия “Wildberries” барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон омода аст.
Дар ҷараёни сафараш ба Душанбе раиси ин ширкат Татяна Ким бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ёддошти ҳамкорӣ имзо кард.
Тавре раиси Палатаи савдо ва саноат ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ин созишнома ҳам барои ифтитоҳи бозорҳои нав барои ин ширкат ва ҳам барои бунёди маҷмааҳои логистикӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
"Мо интизорем, ки ёддошт ба тиҷорати электронӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони тоҷик такони мусбат хоҳад дод", - таъкид кард ӯ.
Ҳаҷми сармоягузории Русия дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст
Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд. Вай бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард ва дар 20-умин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар ширкат кард.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ Расулзода қайд кард, ки ҳаҷми сармоягузории Русия дар ин ҷумҳурӣ дар даҳ соли охир беш аз 1,5 млд долларро ташкил додааст.