Вазорати дифои Русия навори нобудсозии тӯпи худгарди амрикоиро бо кумаки паҳподи идорашавандаи "Лантсет" нашр кард.
Вазорати дифоъ қайд кард, ки дар натиҷаи зарба, тӯпи худгарди сохти амрикоии “Паладин” нобуд карда шуд. Воситаҳои мониторинги объективӣ дар мавқеъи зарба таркишҳоро мушоҳида карданд.
Вазорат гуфт, ки дар ҷараёни як амалиёт дар яке аз навоҳии вилояти Херсон артиши Русия мавқеъи тирандозии тӯпи худгарди “Паладин”-и Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро муайян кардаанд, ки ба мавқеъи артиши Русия тирандозӣ мекард.
Баъди таҳлили ҳаматарафаи маълумотҳои расида қарор кабул карда шуд, ки мавқеъи тирандозӣ нобуд карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.