Бо саҳми муҳоҷирони Русия: роҳи Басманда - деҳаи қадимии Суғд мумфарш шуд – видео

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо он, ки буҷаи иқтисоди хонаводаҳои худро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд, дар корҳои созандагии рустоҳо саҳм мегузоранд
Sputnik
Мумфаршкунии роҳи деҳаи Басманда, яке аз дурдасттарин рустоҳои Суғд ҳам асосан аз ҳисоби маблағи муҳоҷирон ба иҷро расонида мешавад
Басманда аз деҳаҳои калонтарини ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) дар шимоли Тоҷикистон аст, ки наздики 12 ҳазор аҳолӣ дорад. Шуғли асосии мардуми ин деҳа картошкапарварӣ аст. Вале солҳои охир адами кори кишоварзӣ бештари сокинони ин деҳа ба муҳоҷират ба Русия рафта ва умдатан аз ҳамин роҳ буҷҷаи хонаводаҳоро таъмин мекунанд.
Бо гузашти бештар аз се даҳсола, ҳоло барои аввалин бор роҳи марказии ин деҳа асфалтпуш мешавад, ки онро муҳоҷирон ва сокинони деҳа худ ба таври дастаҷамъона ба иҷро мерасонанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич сафар кард ва бо сокинон дар бораи чи гуна мумфаршкунии роҳ сӯҳбат кард.
Вазири нақлиёт гуфт Тоҷикистон ба соҳаи нақлиёт дар тӯли 30 сол чӣ қадар пул сарф кардааст
Сӯҳроб Ортуқов, соҳиқбкори деҳаи Басманда ва яке аз ташаббускорони асфалтпушкунии роҳ зимни суҳбат таъкид кард, ки барои иҷрои ин кор муҳоҷирони деҳа саҳми бештар гузоштаанд.
Бар пояи иттилоъи ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон сокинони деҳа, ки дар муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия кору фаъолият мекунанд ва инчунин онҳое, ки дар деҳа басар мебаранд беш аз 2 миллион сомонӣ ҷамъ намуда бо ин роҳ беш аз 4 километр роҳи марказии деҳаи Басмандаро мумфарш кардаистодаанд.
“Мо дар Telegram гурӯҳи “Ободии Басманда” ташкил намудем, ки дар он муҳоҷирон ва дигар сокинони деҳа пайвасттанд. Кӣ чи қадар пул дод, маблағи фонди ободӣ чи қадар шудааст, харҷи он чи қадар шудааст, мо ҳар лаҳза ҳисоботашро нашр мекунем. Ин кор муҳоҷиронро ба саҳмгузорӣ ба ободкунии роҳу дигар корҳои хайру савоб шавқманд гардонидааст” – гуфт, Ортуқов.
Тавре дида мешавад, ҳоло корҳои ҳамворкунии роҳ ба охир расида, марҳилаи мумфаршкунии он бо завқ ҷараён дорад.
Ба умеди мақомот нашуд: Муҳоҷирон худ роҳи Адрасмон- Хуҷандро асфалтпуш карданд – видео
Сокинони ин деҳа мегуянд, баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ дигар роҳи ин деҳа таъмир ношуда боқӣ монд ва ба ҳангоми боридони барфу борон гаштугузори сокинон ба мушкил мепечид. Вазъи мавҷуда сокинон хосатан муҳоҷиронро водор намудааст, ки барои таъмири роҳ худ даст ба кор шудаанд.
Ҷумъабой Шафиев, раиси маҳаллаи Басманда гуфт, ки дар иҷрои ин кори хайр ҳоло ҳама мардуми деҳа саҳмгузорӣ доранд.
“Мардуми деҳа, азм намуданд, ки роҳи деҳаро то даромадгоҳи Қалъаи Дӯст – ҳамсоядеҳа мумфарш гардонем. Ба ҳисоби муҳоҷирон, худи халқ ҳам дастгирӣ кардаистодааст, ҳар яке мувофиқи имконоташ. Баъзеҳо баромада кор кардастодаанд, баъзеи дигар маблағ додаистодаанд, ё коргаронро бо хуроки гарм таъмин намудаистодаанд, ҳамакаса. Мо ягон касро гуфта наметавонем, ки дар ин кори хайру савоб худро канор гирифтааст, чунки ҳама кас барои ободии диёр баромадаем” – зикр кард, Шафиев.
Мардуми деҳаи Басманда таърихан меҳнатқарин аст ва анъанаи неки ҳашари дастаҷамъиро, ки аз замони пирони барнодили деҳа боқӣ мондааст ва имрӯз ҳам роиҷ буда гум нашудааст.
Таъмири кӯчаҳои деҳа аз сӯйи сокинон
Ҳоло сокинон ба вижа муйсафедони деҳа дар роҳҳои асфалтпушшудаю ҳамвор қадам мезананд ва изҳори шодмонӣ мекунанд, ки ин орзӯи деринаи онҳо амалӣ гардид. Кӯдакону наврасони деҳа ҳам ҳоло дар роҳҳои ҳамвор бо шавқи том дучархаронӣ мекунанд.
Муҳоҷирони ин деҳа азм доранд, ки баъди ба охир расонида таъмири роҳ, хатти барқрасонии макотиб ва шароити обрасонии Басмандаро, ки дафъаҳои охир мушкил шудааст, аз ҳисоби худ обод кунанд.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ҳоло сеяки сокинони деҳаи Басманда дар муҳоҷирати корӣ дар Федератсияи Русия ба сар мебаранд.
Тавре мушоҳида мешавад, дар дигар навоҳии Суғд низ мумфаршкунии роҳҳо аз ҳисоби саҳми муҳоҷирон ба иҷро расонида мешавад.