ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Замир Кобулов, ки дар ҳавзаи Афғонистон таҷрибаи зиёде дорад ва ба тозагӣ 70 сола шудааст аз самти раёсати идораи дувуми Осиёи вазорати хориҷаи Русия, ки бар умури Афғонистон назорат мекунад, барканор шуд.
Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия ба хабаргузории давлатии ТАСС хабар додааст, ки Замир Кобулов, мушовири вазири хориҷа шуда ва дар самти намояндаи вижаи раисҷумҳур барои Афғонистон низ боқӣ мондааст.
Дар сомонаи вазорати хориҷаи Русия Максим Баранов ба унвони мудири ҷадиди бахши дувуми Осиёи ин вазорат муаррифӣ шудааст.
Ин тағйир дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки мақомоти олии Русия ба тозагӣ аз тасмим ба тавсеаи таъомул бо толибон сухан гуфтаанд.
Вазири хориҷаи Русия чанде пеш эълом кард, ки вазорати додгустарии ин кишвар, тарҳи хуруҷи толибон* аз феҳристи гурӯҳҳои террористии Русияро ба Владимир Путин ироа кардааст.
Аз сӯи дигари Путин низ толибонро "воқеият"-и Афғонистон хонда ва гуфтааст, ки иртибот бо толибон* як ниёзаст.
Ӯ дар нишаст ахири сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Қазоқистон низ аз толибон* ба унвони "муттаҳид"-и Русия дар мубориза бо ДИИШ ёд кард.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.