Вазорати дифои Русия видеои истифодаи бомби ФАБ-3000 дар вилояти Харковро нашр кард.
"Ҷангандаи бомбандози Су-34 ба мавқеи ҷойгиршавии муваққатии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаи масъулияти гурӯҳи нерӯҳои "Шимол" зарба бо бомби ФАБ-3000 бо модули идорашавандаро анҷом дод”, - қайд кардааст вазорат.
Вазорати дифои Русия қаблан видеои тахриби мушакандози HIMARS-ро, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина истифода мекунанд, нашр карда буд.
Ҳамчунин вазорати дифоъ хабар дод, ки шаби гузашта падофандҳои ҳавоии Русия 22 паҳподи низомии артиши Украинаро дар се минтақаи Русия нобуд карданд.
"Шаби гузашта, режими Киев қасди анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар қаламрави Русияро дошт. Падофандҳои ҳавоии Русия 22 адад ҳавопаймои бесарнишинро нобуд карданд.", - иттилоъ додааст вазорат.
15 ҳавопаймои бесарнишин дар болои вилояти Брянск, шаш адад дар Қрим ва як паҳподи низомӣ дар вилояти Липетск нобуд карда шуд.
Бояд қайд кард, ки минтақаҳои марзӣ ва марказии Русия тақрибан ҳамарӯза зери ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина қарор мегиранд.