ДУШАНБЕ, 13 июн – Sputnik. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо Вазорати захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Белорус Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ба имзо расонид.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ёдддошти тафоҳум дар доираи Конфронси 3-юми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Беларус Сергей Масляк ба имзо расонида шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар бораи ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисодиёти "сабз", идоракунии партовҳо, коҳиш додани истифодаи ашёи пластикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин тарафҳо дар мулоқот дар бораи таҷрибаи худ дар самти ҳифзи намудҳои ҳайвонот ва растаниҳои нодир мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки табодули коло миёни Тоҷикистон Белорус танҳо дар семоҳаи якуми соли чорӣ 6 баробар афзоиш ёфтааст.
Табодули коло дар ин давра зиёда аз 120 миллион рубли белоруси (37,6 млн. доллар) ташкил додааст. Дар қиёс дар тӯли соли 2023 табодули коло миёни ду кишвар 70 миллион рубли белорусӣ (наздик ба 22 млн. доллар)-ро ташкил дода буд.