https://sputnik.tj/20240613/tojikistonu-belorus-hifzi-muhiti-zist-hamkori-1063196558.html
Тоҷикистону Белорус барои ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ хоҳанд кард
Тоҷикистону Белорус барои ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Байни Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи ҳифзи муҳити зист санади нави ҳамкорӣ - Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
2024-06-13T11:22+0500
2024-06-13T11:22+0500
2024-06-13T13:37+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
имзо
имзои санад
равобит
муҳити зист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0c/1063196393_42:32:592:341_1920x0_80_0_0_7e3a414127bb9c858344b41baeaa2c83.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн – Sputnik. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо Вазорати захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Белорус Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ба имзо расонид.Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ёдддошти тафоҳум дар доираи Конфронси 3-юми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Беларус Сергей Масляк ба имзо расонида шуд.Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар бораи ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисодиёти "сабз", идоракунии партовҳо, коҳиш додани истифодаи ашёи пластикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.Ҳамчунин тарафҳо дар мулоқот дар бораи таҷрибаи худ дар самти ҳифзи намудҳои ҳайвонот ва растаниҳои нодир мубодилаи афкор намуданд.Ёдовар мешавем, ки табодули коло миёни Тоҷикистон Белорус танҳо дар семоҳаи якуми соли чорӣ 6 баробар афзоиш ёфтааст.Табодули коло дар ин давра зиёда аз 120 миллион рубли белоруси (37,6 млн. доллар) ташкил додааст. Дар қиёс дар тӯли соли 2023 табодули коло миёни ду кишвар 70 миллион рубли белорусӣ (наздик ба 22 млн. доллар)-ро ташкил дода буд.
https://sputnik.tj/20230116/afzoishi-sodirot-mahsulot-sanoii-belarus-tojikiston-1054243478.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0c/1063196393_50:0:577:395_1920x0_80_0_0_14687c3c41353edf246ac23621ce9694.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, имзо, санад, ҳамкорӣ, имзо
тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, имзо, санад, ҳамкорӣ, имзо
Тоҷикистону Белорус барои ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ хоҳанд кард
11:22 13.06.2024 (Навсозишуда: 13:37 13.06.2024) Байни Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи ҳифзи муҳити зист санади нави ҳамкорӣ - Ёддошти тафоҳум ба имзо расидаст, ки ба таҳкими ҳамкориҳо равона шудаст
ДУШАНБЕ, 13 июн – Sputnik. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо Вазорати захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Белорус Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ба имзо расонид.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ёдддошти тафоҳум дар доираи Конфронси 3-юми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Беларус Сергей Масляк ба имзо расонида шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар бораи ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисодиёти "сабз", идоракунии партовҳо, коҳиш додани истифодаи ашёи пластикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин тарафҳо дар мулоқот дар бораи таҷрибаи худ дар самти ҳифзи намудҳои ҳайвонот ва растаниҳои нодир мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки табодули коло миёни Тоҷикистон Белорус танҳо дар семоҳаи якуми соли чорӣ 6 баробар афзоиш ёфтааст.
Табодули коло дар ин давра зиёда аз 120 миллион рубли белоруси (37,6 млн. доллар) ташкил додааст. Дар қиёс дар тӯли соли 2023 табодули коло миёни ду кишвар 70 миллион рубли белорусӣ (наздик ба 22 млн. доллар)-ро ташкил дода буд.