Ҳар иштирокчии ҷашнвораи футбол дар Душанбе имкон дошт, ки маҳорати нишонзании худро озмояду ҷаҳиши худро бо Криштиану Роналду қиёс кунад.
Дар ҷашнвора, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор шуд, навъҳои гуногуни машғулиятҳо пешниҳоди иштирокдорон гардиданд.
Онҳо метавонистанд, маҳораташонро дар голзанӣ зери миз ва дар ҳолати нишаста бисанҷанду ҳунари тӯббозӣ бо пой болои мизро низ сайқал диҳанд.
Ҷашнвораҳо дар варзишгоҳи марказӣ ва ҳамчунин дар майдони Истиқлоли Душанбе баргузор гардиданд.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ низ дар чаҳорчӯби таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фестивали футбол ширкат кард.
Вай ба кӯдакон таманнои онро намуд, ки минбаъд низ ба варзиши дӯстдоштаи худ – футбол машғул шуда, ба қуллаҳои баланди варзишӣ бирасанд.
Мақсади асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаҳои варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол мебошад. Баъди анҷоми фестивал ба иштирокчиён тӯбҳо тақдим карда шуданд.
Чунин чорабинӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон гузаронда шуданд. Ҷашнвораҳои нисбатан бузург дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт баргузор гардид, ки ҳазорҳо нафар дар он иштирок мекунанд.