Мошиншӯйии Сумбулаи ҷавон барои рӯзӣ ва тавсияаш ба занон: ҷои шарм нест, кори ҳалол аст

Сумбула се соли пеш аз шаҳри Бохтар ба Хуҷанд омад ва ин ҷо ба мошиншӯйӣ машғул аст. Ӯ ният дорад, ки рӯзе нуқтаи мошиншӯйии занонаро дар Суғд боз кунад
Sputnik
Сумбула Ашӯрова 27-сола аз ангуштшумор занҳое аст, ки дар Хуҷанд мошиншӯйӣ мекунад. Вай дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз вижагиҳо, даромад ва мушкилии кори мошиншӯйӣ иброз дошт.
Ӯ мегӯяд, бо гузашти се сол нигоҳи ронандаҳо ба ин кори вай, тағйир ёфт ва ҳоло муштариён бо эҳтиром барои шустушӯйи мошинҳояшон ба назди онҳо мераванд.
"Мизоҷон моро ҳурмат мекунанд, мо низ ҳамчунин. Бисёриҳо раҳмат мегӯянд. Баъзеҳо ҳатто занҳо ҳалол кор кардаанд, гуфта, 5 ё 10 сомонӣ изофа аз ҳаққи корамон дода мераванд" - таъкид мекунад Сумбула.
Ин зан мегӯяд, ҳоло мизоҷонаш аз ҳисоби занон бештар шудааст. Ронандаҳои зан, ки мошинашонро ба ӯ месупоранд, корашро хуб пазируфта, кору даромади ҳалол мехонандаш.
Сумбула гуфт, рӯзона аз ҳисоби мошиншӯйӣ ҳудуди 150 – 200 сомонӣ даромад ба даст меорад ва зиндагиашро ғолибан аз ҳамин ҳисоб таъмин мекунад.
“Ҳар рӯз ҳар хел кор мекунем, гоҳе мошин бисёр меояд, гоҳе камтар. Агар 200 сомонӣ кор кунем, аз ин 100 сомониаш барои соҳиби нуқтаи мошиншӯйӣ ва 100 сомониаш ҳақи мо аст” – гуфт мусоҳиб.
Сумбула нақл кард, ки дар Хуҷанд ҳамроҳи шавҳар ва се кӯдакаш ба сар мебарад. Шавҳараш ҳам ба мошиншӯйӣ машғул аст.
Дар Душанбе чанд зан автобусу троллейбусро меронанд
Ӯ, мегуяд, дар фасли сармо мошиншӯйӣ каме мушкил аст, аммо вақте дар пойҳо мӯзаҳои пашмӣ мепӯшад таъсири сардиро камтар ҳис мекунад.
Сумбула ба занҳое, ки аз мушкили бекориву бешуғлӣ азият мекашанд, тавсия медиҳад, ки беҳтар аст ба мошиншӯйӣ машғул шаванд.
“Ин кор ҳеҷ ҷойи ҷойи шарму айб надорад. Корро тоза иҷро карда пули ҳалол ба даст меоред ва ба ин восита аз вартаи нодорию вобастагӣ раҳо хоҳанд шуд” - гуфт ӯ.