Дар Душанбе чанд зан автобусу троллейбусро меронанд

© SputnikОбщественный транспорт в Душанбе
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2024
Обуна шудан
"Душанбенақлиётхадамотрасон" аз таваҷҷӯҳи занон ба кори ронандагӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ гуфта, шумораи умумии занон-ронандаро эълон кард
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар Душанбе на танҳо мардон ба ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ мераванд. Тавре ба Sputnik Тоҷикистон аз "Душанбенақлиётхадамотрасон" хабар доданд, ҳоло дар ин соҳа 25 нафар занон фаъолият доранд.
" Аз ин шумора 20 нафар занон ронандаи троллейбус ва 5 нафари дигарашон ронандаи автобус мебошанд"- иброз дошт манбаъ.
Ҳамчунин, манбаъ тавзеҳ дод, ҷамъан шумораи ронандагон ба 540 нафар баробар аст, ки аз ин миён 515 ронанда мардҳо ташкил медҳанд.
Электробус на дорогах Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2024
Дар Душанбе нақлиёти ҷамъиятӣ пурра барқӣ хоҳад шуд
Ёдовар мешавем, ки дар авоили соли ҷорӣ шаҳрдории Душанбе эълом карда буд, ки тасмим доранд, тамоми нақлиёти ҷамъиятии пойтахти Тоҷикистонро ба автобусҳои барқӣ ва мошинҳои барқӣ иваз кунанд.
Маъмурияти шаҳр вақти дақиқи гузариши пурра ба нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаро эълон накард, танҳо зикр кардааст, ки ин кор дар оянда ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0