ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дастгирии низомӣ аз Киев маблағгузории мустақими терроризм мебошад, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия, Мария Захарова.
Вай гуфт, маблағе, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Украина, Исроил ва Тайван ҷудо кардааст, равандҳои буҳрониро дар ҷаҳон таҳким мебахшанд
Кумаки Амрико ба Тайван дахолати ошкоро ба корҳои дохилии Чин аст ва дар мавриди Исроил сухан дар бораи боз ҳам бештари ташдиди бесобиқаи вазъият меравад, афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Wall Street Journal менависад, ки кумакҳои нави Амрико гумон аст, ки авзоъ дар Украинаро ба таври куллӣ тағйир диҳад. Он метавонад танҳо барои истодагарӣ алайҳи пешрафтҳои нави Русия истифода шавад, то замоне, ки маблағҳои боз ҳам бештар ҷудо нагарданд, навиштаст расонаи амрикоӣ.
Палатаи поёнии парлумони ИМА лоиҳаи қонун дар бораи кӯмаки иловагӣ ба Украина ба маблағи қариб 61 млрд долларро қабул кард. Ҳоло он бояд аз ҷониби палатаи болоӣ (Сенат) тасдиқ ва аз ҷониби Ҷо Байден имзо карда шавад. Палатаи намояндагон инчунин лоиҳаҳои қонунро дар бораи ёрии ҳарбӣ ба Тайван ва Исроил қабул кард.
Аз қариби 61 млрд долларе, ки ба Киев ҷудо шудааст, 23,2 миллиардаш барои пур кардани техникаи ҳарбӣ ва хадамоти дифоии интиқолшуда истифода мешавад. Қариби 14 млрд барои харидани аслиҳа ва хадамоти дифоъӣ барои Украина масраф мешавад.
Дар навбати худ 11,3 миллиард доллар барои дастгирии "амалиёти низомии ИМА дар минтақа" пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, пешбинӣ шудааст, ки раисиҷумҳури ин кишвар Ҷо Байден дар тӯли 60 рӯз аз замони эътибор пайдо кардани ин қонун бояд бо Украина дар бораи ҷуброни кумакҳои иқтисодӣ созиш кунад.