Интихоботи президенти Русия

Муроҷиати Путин ба мардуми Русия дар арафаи интихоботи президентӣ

Раҳбари Русия дар муроҷиати телевизиониаш таъкид кардааст, ки интихоботи қарибулвуқуъ мустақиман ба рушди кишвар дар солҳои наздик таъсир хоҳад гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, қабл аз интихоботи серӯзаи раёсатҷумҳурӣ ба мардуми Русия тариқи телевизион муроҷиат кард.
Дар муроҷиати худ, раҳбари Русия изҳор доштааст, ки натоиҷи ин интихобот мустақиман ба рушди кишвар дар солҳои наздик таъсир хоҳад гузошт.
"Шаҳрвандони муҳтарами Русия, дӯстони азиз. Пагоҳ, 15 март дар саросари кишвар ҳавзаҳои райъдиҳӣ боз мешаванд, овоздиҳии серӯза барои интихоботи президентии Русия оғоз мешавад. Интихоботи президентӣ дар Русия бори ҳаштум маротиба баргузор мешаванд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки яке аз усулҳои аслии давлати демократӣ, мунтазами интихобот аст”, - гуфт Путин дар паёми худ.
Президент интихоботро воқеаи ниҳоят муҳим донист.
Путин: Дар оянда норасоии кадрӣ дар Русия бештар мешавад, тиҷорат бояд инро дарк кунад
"Натиҷаҳои интихобот ба рушди кишвар дар солҳои наздик таъсири мустақим хоҳад расонд. Ин як рӯйдоди муҳим ва ниҳоят масъулиятнок аст. Аз ин рӯ, ман ба унвони роҳбари имрӯзаи давлат имрӯз ба шумо муроҷиат карданро зарур медонам", - афзуд ӯ.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин намудааст. Овоздиҳӣ се рӯз: 15, 16 ва 17 март давом мекунад.
Барои курсии раисиҷумҳури Русия аз тарафи Комиссияи марказии интихобот чаҳор номзад сабти ном шудаааст.
Барои курсии президенти Русия Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош хоҳанд кард.