ДУШАНБЕ, 13 март — Sputnik. Моҳи шарифи Рамазон дар иҳотаи тасаввуроти нодуруст ва қолабҳои зиёде қарор дорад. Ва ба онҳо на танҳо пайравони динҳои дигар, балки худи мусулмонон низ эътиқод доранд.
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар бораи маъмултарин намунаҳои таассуб ва иштибоҳҳои қолабии рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон нақл кунад ва сабабҳои пайдоиши онҳоро шарҳ диҳад.
Рӯзадорӣ то ғуруби офтоб давом мекунад?
Не, он тамоми моҳи муқаддас, 24 соат дар як шабонарӯз давом мекунад. Пас аз ғуруби офтоб ифтор оғоз мешавад, яъне вақте,ки ба мӯъмин хӯрдан иҷозат дода мешавад. Ин ягона сабукие дар давоми Рӯза аст.
Фурӯ рафтани офтоб касеро аз намозҳои иловагӣ, додани закот, анҷом додани корҳои савоб ва дигар вазифаҳое, ки мусалмон дар моҳи Рамазон ба ӯҳда гирифтааст, озод намекунад.
Дар асл, моҳи Рамазон танҳо як зинаидигар дар нардбонест, ки ба сӯи биҳишт мебарад, на танафусе аст дар ҳаёти ҳаррӯзаи пургуноҳ.
Аз ин рӯ, пофишорӣ дар он, ки дар вақти рӯзадорӣ, гӯё гуноҳ “пас аз ғуруби офтоб ба ҳисоб намеравад”, аз ҷониби бархе аз диншиносони исломӣ як амали махсусан мунофиқӣ, нопок ва ё тибқи шариат, фисқ– саркашии бошуурона азхости Худо арзёбӣ мешавад.
Тамоми рӯз бе хӯрдану нӯшидан ба саломатӣ зарар дорад
Бояд фаҳмид, ки дар моҳи Рамазон мардум аз хӯрдану нӯшидан тамоман даст намекашанд: пас аз ғуруби офтоб мӯъминон барои ифтор ҷамъ мешаванд.
Дар робита ба саломатӣ, тадқиқотҳои гуногун мавҷуданд, ки манфиатҳои рӯзадорироисбот мекунанд. Аммо ба афроди гирифтори бемориҳои музмин ва афроде, ки дар як рӯз чанд бор дору истеъмол мекунанд, барои ҷилавгирӣ аз мушкилот барои саломатӣ рӯза гирифтан тавсия намешавад.
Аз ҳама маҳдудиятҳо нигаронкунандатаринаш манъи нӯшидан ба ҳисоб меравад, бахусус дар гармои тобистон. Бо вуҷуди ин, агар шумо пеш аз тулӯи офтоб ба қадри кофӣ об нӯшед ва ба ҷои хӯрокҳои ширин ё шӯр меваҳои боллазату шаҳдборро истеҳмол кунед, ҷисми шумо парҳези рӯзонаро бидуни зарар мегузаронад.
Дар маҷмӯъ, олимон бар ин назаранд, ки фоида ё зиёни моҳи Рамазон бевосита аз он вобаста аст, ки шахс шабона чӣ гуна ғизо мехӯрад. Ба хӯрокҳо бо таносуби дурусти сафедаҳо, равғанҳо ва карбогидратҳо афзалият додан лозим аст.
То охири моҳи Рамазон мардон ба ҳисоби миёна 1,51 кило ва занон 0,91 килоро аз даст медиҳанд. Аксари вазни гумшуда пас аз чанд ҳафта барқарор карда мешавад.
Парҳез аз хӯрдану нӯшидан дар моҳи Рамазон барои ҳама фарз аст
Албатта, парҳез аз хӯрдану нӯшидан барои мӯъмин ҳангоми рӯзадорӣ хеле воҷибаст. Ин шарти асосии таҳаммулиҷисмонӣ ва маънавӣ мебошад.
Аммо агар рӯзадорӣ ба саломатӣ ва ҳатто ба ҳаёт таҳдид кунад, он на танҳо шарт нест, балки ҳатто номатлуб аст: ба гумон аст, ки Худованди мутаъол розӣ бошад, ки моҳи муборак на бо аъмоли нек, балки бо марги бармаҳали муъмин анҷом ёбад.
Аз ин рӯ, кӯдакони хурдсол, занони кӯдаки ширхордошта, пиронсолон ва беморон, мусофирон аз рӯзадорӣ озод карда мешаванд, яъне барои онҳое, ки даст кашидан аз хӯрдан ва нӯшидан ба саломатии онҳо зарар мерасонад.
Аммо ин маънои онро надорад, ки афроди аз рӯзадорӣ озодшуда дар моҳи Рамазон фарзи динии худро адо карда наметавонанд. Аз мусалмонон талаб карда мешавад, ки рӯзҳои рӯзадориро қазо кунанд ва ба камбизоатон ё бо ғизо ё маблағи миёнаи дар як рӯз барои ғизо сарфмешуда хайрия кунанд.
Дар Ислом, бахусус дар моҳи Рамазон, ният ба мисли амал муҳим аст. Агар мӯъмин ба сабаби фаромӯшӣ чизе бихӯрад ё менӯшад, вале ба худ омада, хӯрданро бас кунадва рӯзадориродавом диҳад, ин ҳеҷ гуна гуноҳ ҳисобида намешавад ва албатта, аъмоли шоистаи пештараи ӯро паст намекунад.
Барои далел маъмулан ба ин ҳадиси мӯътамад истинод мекунанд: "Ҳар кас, ки аз фаромӯшӣ ба нӯшидан ё хӯрдан шурӯъ кунад, дар ин рӯз рӯзаашро тамом мекунад. Дар ҳақиқат, Худованди мутаъол ба ӯ таъом ва об дод".
Дар моҳи Рамазон шустани дандонҳо низ ҳамин тавр аст. Дар ин ҷо меъёри асосӣ боқӣ мемонад, ки об ё хамираи дандон набояд ба гулӯ ворид шавад. Ҳангоми шиноварӣ низ бояд аз ҳамин чиз худдорӣ кард.
Дар моҳи Рамазон ҳама гуна робитаи маҳрамона манъ аст
Алоқаи ҷинсииберун аз никоҳ, новобаста аз он, ки дар кадом шакл бошад, дар ислом маҳкум шудааст ва дар моҳи Рамазон бошад,гуноҳи махсусан бузург маҳсуб мешавад.
Барои каффорат, мусалмони гуноҳкарда бояд ҳадди аққал 60 рӯз рӯза бигирад ё 60 бенаворо ғизо диҳад.
Дар баробари ин аз шом то субҳ наздикӣ бо ҳамсаратон манъ нашудааст, ки бевосита дар Қуръон омадааст: "Дар шаби рӯзадорӣ алоқа бо ҳамсаронатон ҷоиз аст, онҳо либоси шумо ҳастанд ва шумо либоси онҳо ҳастед" (Сураи Бақара, ояти 187).
Як иштибоҳи қолабиимаъмул ин аст, ки дар моҳи Рамазон бӯса ва оғӯш манъ аст. Дар давоми рӯз, ин зуҳури меҳру муҳаббат ба ҳеҷ ваҷҳ маҳдуд намешавад, аммо агар бӯса кунед, оби даҳони шарики худро бояд фурӯ набаред.
Оё бояд то охири рӯз рӯза дошта бошед, ҳатто агар он то 20 соат давом кунад?
Қиссаи дар бораи мусалмононе, ки дар интизори тулӯи офтоб аз хастагӣ мурдаанд ҳоло ба қиссаи даҳшатовар монанд аст, аммо барои ин иштибоҳ заминаи таърихӣ вуҷуд дорад.
Ҳанӯз дар айёми империяи Русия як гурӯҳи бумии генерал-губернатории Туркистон дар шимоли Русия қарор дошта, дар давоми 3-4 рӯз чанд нафар аз диндорон аз хастагӣ фавтиданд, то он даме, ки мулло аз масҷиди ҳамсоя хусусиятҳои иклимии маҳалро ба онҳо нафаҳмонд ва дар бораи роҳ надодан ба марг аз гуруснагӣ дар вақти рузадорӣ намефаҳмонд.
Ҳоло мусулмонон соатҳои ифтор ва намозро бо таваҷҷӯҳ ба наздиктарин кишвари мусалмонӣ ё бо истифода аз барномаҳои махсуси мобилии марбут ба тақвими астрономӣ муайян мекунанд.