ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Давлат Болтаев барандаи нишони тилои 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу дар вазни то 92 кило шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Болтаев дар даври ниҳоӣ бо муштзани чинӣ, Хуажен Хан вориди майдон шуда, бо қарори доварон бо ҳисоби 3:2 пирӯз эълон гардид.
То роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ Болтаев муштзани Кореяи Ҷанубӣ, Ҷаеминг Ҷионгро шикаст дод.
Ин дуюмин нишони тилои Тоҷикистон аз 19-умин Бозиҳои Осиё дар Чин мебошад. Нахустин нишони тилоро аз ин мусобиқа ҷудокор Сомон Маҳмадбеков ба даст овард. Темур Раҳимов дар вазни зиёда аз 100 кило нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило нишони биринҷӣ гирифта буданд.
Паҳлавонони тоҷик Ҳақназар Назаров ва Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ қаблан қарор кард, варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиё медали тило ба даст меоранд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт мешаванд. Шаҳрдорӣ барои медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ мукофот таъйин намудаст.
Дар баробари хонаи истиқоматӣ барои ҳар медали ин мусобиқот ҷоизаи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст, ки барои нишони тило - 150 ҳазор сомонӣ, медали нуқра - 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.