ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷеабор дорад.
Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии СММ изҳор дошт.
Чунин амалкардҳои иғвоангезона ба гуфтаи ӯ, дар аксари ҳолатҳо асоси таҳаммулнопазирӣ ва нобоварӣ гардида, боиси ихтилофу низоъ байни тамаддунҳо мешаванд.
"Ба ин манзур, Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд", - афзуд президенти кишвар.
Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумӣ зери унвони "Рушди муколамаи байнидинӣ ва фарҳангӣ ва таҳаммулгароӣ дар муқобила бо нафрат" бори дигар аҳаммияти муколамаю ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳоро дар раванди таҳкими сулҳ таъкид мекунад.
Раҳмон дар идома гуфт, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад.
Вай дар поён аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост ба ҷойи аъмоле, ки боиси гусастагӣ мегардад, беҳтар ин аст, ба сӯи ҷаҳоне ҳаракат кунем, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад.
Ёдовар мешавем, ки пулиси Шветсия рӯзи 28 июн - дар рӯзи аввали иди Қурбон баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон дар масҷиди асосии Стокҳолмро иҷозат дод.
Сарвазир Улф Ҳҷалмар Кристерссон гуфт, ки қарори полис "қонунӣ, вале номуносиб" аст.
Худи ҳамон рӯз ин амал сурат гирифт: марде саҳифаҳои Қуръонро канда, бо онҳо кафшҳояшро пок кард ва баъд дар китоб бекон андохта, онро оташ зад.
Тақрибан 200 нафар ин тамошо медиданд, бино ба гузоришҳои расонаҳо, баъзеҳо бо нидоҳои "Худо бузург аст!" бо забони арабӣ ба нишони эътироз шиор медоданд ва ҳатто якеро полис пас аз кӯшиши сангпартоӣ ба сӯи "амалкунанда" боздошт кард.
Ин амал дар кишварҳои дигари ғарбӣ ҷандин бор иҷро шуд, ки дар пайи вокуниши сахтеро дошт.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ низ расман чунин амалҳоро маҳкум кард.
"Таҳқири Қуръони Карим дар ҷомеа низоъ ба вуҷуд оварда, ихтилофи байни динҳоро бармеангезад", - таъкид манбаъ.