ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Тоҷикистон умед дорад, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ алянси истеҳсолӣ ва технологӣ эҷод кунад.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Завқӣ Завқизода дар ҳамоиши иқтисодӣ дар Душанбе изҳор дошт.
"Васеъ намудани рӯзномаи байни кишварҳои мо тавассути самтҳои ояндадор, аз қабили ҳамкориҳои инноватсионӣ ва рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инчунин афзоиши ботадриҷи гардиши тиҷорати электронӣ муҳим аст", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, баъдан кишварҳои минтақа метавонанд дар бораи ташкили иттиҳоди технологӣ ва истеҳсолии комили Осиёи Марказӣ суҳбат кунанд.
"Минтақа бартарии бузурге дорад, ки аз иқтидори он бояд пурра истифода шавад", - таъкид кард вазир.
Дар робита ба ин, Завқӣ Завқизода пешниҳод кард, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши саҳми иқтисоди рақамӣ таҳия карда шавад.
Илова бар ин, ӯ ба аҳамияти омодасозии мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инфрасохтор таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи "Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия" ба мулоқоти панҷуми сарони кишварҳои минтақа бахшида шудааст.
Дар ин чорабинӣ вазирони рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ширкат карданд.