ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Қазоқистон феълан рутбаи 28-ум дар шохиси тавсеаи ҳукумати электронӣ ва рутбаи 8-ум дар шохиси рақамикунонии хадамоти онлайнӣ дар ҷаҳонро дорад. Масъулини ин кишвар омодагияшонро барои табодули таҷриба бо ҳамсояҳо баён доштанд.
Муовини раиси мудири ширкати “Фановариҳои иттилоотии миллӣ” – и вазорати навоварӣ ва саноати ҳавокайҳонии Қазоқистон, Дмитрий Мун дар нишасти иқтисодӣ дар Душанбе гуфт, ширкаташ танҳо ниҳодест, ки аз сӯи қонунгузории Қазоқистон оператори ҳукумати электронӣ муқаррар шуда, ҳама чиз аз зерсохт то ироаи хадамотро мудирият мекунад.
“Мо ба ин шохисҳо ба лутфи доштани як оператори ҳукумати электроние, ки ба суръат ҳама дастгоҳҳои давлатиро рақамӣ мекунад, даст ёбем. Ҳоло мо 1200 хидмати давлатиро дар қолаби электронӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва бизнес фароҳам сохтаем”, - гуфт Дмитрий Мун.
Тибқи иттилоъи ӯ, ширкати “Фановариҳои иттилоотии миллӣ” – и Қазоқистон беш аз 43 млн хидматгузориро дар соли 2022 ба сурати онлайн ироа карда, барои ин манзур беш аз 30 системи иттилоотиро тавсеа додаааст ва имрӯза гардиши молии ширкат 118 млн доллар дар сол аст.
Вай гуфт, хадамоти ширкат аз зерсохтҳо то мудирияти додаҳо, тағйири ҳолатҳои фарояндҳои бизнес, соддасозии дастраси шаҳрвандон ба роҳиҳалҳои рақамӣ барои бизнес бо истифода аз биометрик ва мавориди дигар, ҳамкорӣ бо бонкҳои сатҳи дувум ва дигар ғӯлҳои фановариро дарбар мегирад, то хадамоти умумии ширкат дар платформаҳои мухталифи иттилоотии роиҷ ироа шавад.
Мун афзуд, ки пас аз 15 соли таҷриба дар рақамикунонии хадамоти давлатӣ, ба ин нуқта расидаанд, ки дар ҳоли баррасии ҳамаи хадамоти давлатӣ ҳастанд, ки дар мавқеиятҳои зиндагӣ вуҷуд дорад.
"Мо як маркази таҳаввули рақамӣ дорем, ки салоҳияти баррасии ҳама гуна мавқеиятҳои зиндагиро дорад”, - гуфт муовини ширкати “Фановариҳои иттилоотии миллӣ”-и Қазоқистон.
Ба қавли ӯ, то ба имрӯз беш аз 300 мавқеияти зиндагӣ - таваллуд, пазириш дар мактаб, донишгоҳ, кор, омодагӣ барои син бознишастагиро ба баррасӣ гирифта, бастае аз хадамоти давлатӣ қаблан ба сурати равишшинохтӣ шакл гирифтааст, ки дар як қолаби фаъол ба ҷомеа ироа мешавад.
Мисол овард, ки дар Қазоқистон модаре фарзанд ба дунё меорад ва дар арзи 3 рӯз паёмак дарёфт мекунад, ки оё номи кӯдакро мехоҳад чӣ ном бигузорад.
"Вақте номи хонаводагӣ, ном ва номи падарро менависад, шумораи шиносоии шаҳрвандӣ (ИНН) ва гувоҳномаи таваллудро ба сурати худкор дарёфт мекунад. Ин ҳама тариқи замимаи мобилӣ ба сурати рақамӣ ирсол мешавад”, - тавзеҳ дод Мун.
Тибқи иттилои вай, ҳоло беш аз 60 дарсад аз заноне, ки дар Қазоқистон таваллуд мекунанд, ба ҳеҷ як аз марокизи хадамоти умумӣ муроҷиа намекунанд ва гувоҳномаи таваллудро дар ҳамин қолаби муносиб соҳиб мешавад.
"Илова бар ин, ӯ ба таври худкор имтиёзҳои таваллуди фарзанд ва рӯйхате аз витаминҳои ройгонро, ки метавонад дар дорухонаҳо дарёфт кунад, ба даст меорад”, - гуфт муовини ширкати “Фановариҳои иттилоотии миллӣ” – и Қазоқистон.
Дмитрий Мун афзуд, ҳамкорӣ бо банкҳои дастаи дувум низ пешрафтҳои худро дорад, аз ҷумла, роҳҳалҳои хубе, монанди сабтиноми муҷаддади худрав дар як замимаи бонкии комилан онлайн вуҷуд дорад, яъне кас метавонад ба ҷои 2 -3 соати қаблӣ дар арзи 5 – 10 дақиқа автомобилро ба ҳар шаҳрванди Қазоқистон тариқи як замимаи мобилӣ бифурӯшад.
Вай афзуд, гап ин ҷост, ки ширкаташ ба унвони оператори ҳукумати электронӣ куллияи хадамоти иттилоърасонӣ барои баррасии ҷаримаҳо, пардохти онҳо, имкони ҳазфи рақами сабти давлатӣ аз сабти ном ва супориши ҷадидро анҷом медиҳад.
“Ва мо мефаҳмем, ки last mile - охирин қадами як шаҳрванд омадан ба бонк ва пардохти пул аст. Аммо ин ҳамаро ба сурати худкор дар як замимаи бонкӣ қарор додаем, ки бо ризояти шаҳрванд, билофосила тамом додаҳои лозимро ҷамъ меорад, онҳоро дар ҷое, ки лозим аст ёддошт менамояд, пардохтҳоро анҷом медиҳад ва мошинро дубора сабт мекунад”, - гуфт ӯ
Дмитрий Мун гуфт, ширкаташ аввалин ширкат дар ҷаҳон аст, ки раванди ипотека - қарзи масканро рақамӣ карда, ҳоло ниёзе нест фард ба идораҳои мухталиф ва шӯъбаи банк муроҷиа кунад, балки дар зарфи 30 дақиқа ё як соат қарзи масканро ба даст орад.
“Дар бораи асноди рақамӣ имрӯза дар замимаҳои мобилии мо беш аз 24 санади рақамии ҳамтароз бо асноди коғазӣ амал мекунанд. Ба унвони мисол, як фард метавонад байни шаҳрҳо парвоз кунад, ё тариқи як мошин комилан бидуни ҳуҷҷат ронандагӣ кунад, фақат бо як замимаи мобайл мобайл, ки тавассути QR-код таъйид шудааст”, - гуфт вай.
Тибқи иттилои ӯ, ширкати “Фановариҳои иттилоотии миллӣ” - и Қазоқистон дар заминаи истифодаи замимаҳои мобилӣ ба пешрафти бузург, он ҳам аз ҳисоби содда кардани вуруд ба систем бо истифода аз биометрик, даст ёфт ва дар соли 2022 ба афзоиши 5 баробари корбарони худ дар замимаҳои мобилӣ муваффақ шуд.
Дар интиҳои суҳбаташ Дмитрий Мун гуфт, ширкаташ омода аст таҷрибиёти худро, ки дар 15 сол гузашта аз рақамикунонӣ ба даст овардааст, бо беҳтарин шеваҳо бо кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ ба иштирок гузорад, зеро такрори таҷрибае, ки Қазоқистон аз сар гузарондааст, барои онҳо зарур нест.