https://sputnik.tj/20230702/bor-tojikiston-mln-dollar-sarmoyaguzori-mekunad-1058028771.html
БРАО ба Тоҷикистон боз 650 млн доллар сармоягузорӣ мекунад
БРАО ба Тоҷикистон боз 650 млн доллар сармоягузорӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқоти раиси Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ва раиси Бонки Рушди АвруОсиё дар мавриди маблағгузорӣ тавофуқ ҳосил шуд
2023-07-02T09:30+0500
2023-07-02T09:30+0500
2023-07-02T09:30+0500
дар тоҷикистон
бор
иқтисод
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049371996_0:268:3073:1996_1920x0_80_0_0_d4ebc8b34163c4a37a7de6dd28dc25d7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бонки Рушди АвруОсиё барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон 650 миллион доллар ҷудо мекунад. дар ин бора Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар дод.Ба иттилои манбаъ, тибқи созишнома маблағ дар давоми се сол аз соли 2023 то 2026 дода мешавад. Дар мулоқоти раиси Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва раиси БРАО Николай Подгузов дар мавриди маблағгузорӣ тавофуқ ҳосил шуд. Гуфта мешавад, музокирот дар чаҳорчӯби ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Рушди АвруОсиё дар Остона сурат гирифтааст.Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва БРАО, ҷалби маблағҳои имтиёзнокро баррасӣ карданд. Раиси БРАО изҳори омодагӣ кард, ки маблағгузории лоиҳаҳо дар ин самтҳоро афзоиш диҳад ва итминон дод, ки сандуқи сармоягузории ин бонк дар Тоҷикистон то 5%-и маҷмӯи сармоягузории он афзоиш меёбад. То имрӯз БРАО ва сохторҳои он 13 лоиҳаро ба маблағи умумии 266,4 млн доллар сармоягузорӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20230516/baor-azoyash-tojikiston-mlrd-dollar-1057129216.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049371996_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_976217a45e1b1fad28f81d87cc84880a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
брао тоҷикистон
БРАО ба Тоҷикистон боз 650 млн доллар сармоягузорӣ мекунад
Дар мулоқоти раиси Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ва раиси Бонки Рушди АвруОсиё дар мавриди маблағгузорӣ тавофуқ ҳосил шуд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бонки Рушди АвруОсиё барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон 650 миллион доллар ҷудо мекунад. дар ин бора Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, тибқи созишнома маблағ дар давоми се сол аз соли 2023 то 2026 дода мешавад.
Дар мулоқоти раиси Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва раиси БРАО Николай Подгузов дар мавриди маблағгузорӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Гуфта мешавад, музокирот дар чаҳорчӯби ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Рушди АвруОсиё дар Остона сурат гирифтааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва БРАО, ҷалби маблағҳои имтиёзнокро баррасӣ карданд.
"Завқизода барои афзоиши маблағгузорӣ барои [як қатор] бахшҳои Тоҷикистон, аз ҷумла рушди иқтисоди сабз, индустриализатсия, таҳкими иқтидори содиротӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ дархост ирсол кардааст", - гуфта мешавад дар дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ.
Раиси БРАО изҳори омодагӣ кард, ки маблағгузории лоиҳаҳо дар ин самтҳоро афзоиш диҳад ва итминон дод, ки сандуқи сармоягузории ин бонк дар Тоҷикистон то 5%-и маҷмӯи сармоягузории он афзоиш меёбад.
То имрӯз БРАО ва сохторҳои он 13 лоиҳаро ба маблағи умумии 266,4 млн доллар сармоягузорӣ намуданд.