Мушкили тарҷума дар мулоқоти Путину Эрдуғон – видео

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон қабл аз мулоқоти расмӣ дар Сочи сӯҳбати кӯтоҳе анҷом доданд
Sputnik
Қабл аз оғози музокироти раҳбарони Русия ва Туркия мушкилии тарҷума ба вуҷуд омад.
Дар оғоз Эрдуғон давоми як дақиқа бо дастгоҳе, ки тарҷумаро мешунид талош кард, онро рушан кунад.
Баъд аз ин ҳодиса боз як нофаҳмии дигар ба миён омад - мутарҷими турк қариб буд, миёни ду кишвар ҷангро оғоз кунад, аммо сари вақт худро ислоҳ кард: "Байни Русияву Туркия, оҳ, миёни Украинаву Русия ҷанг ҳаст".
Гюлер: Эрдуғон Русияро барои аз сар гирифтани созишномаи ғалла мутақоид хоҳад кард
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 сентябр дар Сочи музокироти президентҳо Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҷараён дорад.
Яке аз мавзӯҳои музокирот дар ҳайати васеъ ояндаи созиши ғалла мебошад.
Матбуоти Туркия қаблан гузориш дода буд, ки Эрдуғон дар мулоқот бо Путин омодагии Анкараро барои миёнаравӣ дар ҳалли муноқиша дар Украина эълом хоҳад кард.
Расонаҳо: Анқара омодааст барои қатъи амалиёт дар Украина миёнаравӣ кунад
Дар арафаи гуфтушунид Кремл кайд кард, ки рохбарон ба ғайр аз мушкилоти муҳими байналмилалӣ ният доранд, масъалахои инкишофи минбаъдаи хамкории дутарафаро муҳокима кунанд.
Дар пайи мулоқот нишасти матбуотии раҳбарони ду кишвар баргузор мешавад.