ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тоҷикистон ба сабқати ҷаҳонии истихроҷи металлҳои нодир ворид шуд ва фаъолона дар ҷустуҷӯи конҳои ояндадор аст.
Ҳарчанд дар дохили кишвар қариб тамоми элементҳои ҷадвали Менделеев мавҷуд аст, истихроҷи танҳо якчанд номгӯи захираҳо фоидаовар ҳисобида мешаванд. Пеш аз ҳама, ин сурма, ки барои саноати мудофиа ашёи хоми бениҳоят арзишманд ба ҳисоб меравад. Аз рӯи захираҳои ин намуди кандании фоиданок Тоҷикистон яке аз ҷойҳои намоёнро дар ҷаҳон ишғол мекунад.
Аммо барои кишвар металли литий аҳамияти камтар надорад, ки ширкатҳои бузурги истихроҷи маъдан дар ҷаҳон барои он шикори ҳақиқӣ оғоз намудаанд.
Чун дар сари мошини чопӣ
Литийро аллакай "тилои нав" меноманд, ки сабаби ин ҳама - болоравии афсонавии нархи он дар солҳои гузашта буд, ки бештар замони истихроҷи нобасомони тилло дар асри XIX-ро ба хотир меорад.
Танҳо таҳлили ин рақамҳо кофист -дар аввали соли 2021 ва охири соли 2022, арзиши биржавии литий боло рафт: ба рақамҳо нигоҳ кунед - 872%. Шарҳи ин ҳолат оддист-талаботи бузург (қисман ба таври сунъӣ ба миён омада) ба мошинҳои барқӣ.
Шояд "гунаҳгори" асосии ин вазъро метавон Чин номид. Маҳз Чин пешоҳанги ин раванд мебошад ва истеҳсолкунандаи асосии мошинҳои барқӣ низ Чин мебошад. Ҳамин тавр, агар ба маълумоти идораҳои Чин бовар кунем, дар соли 2021 дар Чин 3,4 миллион нақлиёти "сабз" фурӯхта шудааст. Маҳз барои онҳо батареяҳо бо литий лозиманд, вобаста аз намуд ва сохташон – аз 7 то 10 кг литий барои як батарея аст. Дар Соли 2022 дар Чин нисбат ба соли 2021 130% зиедтар батарея истеҳсол карда шудааст. Дар ҳақиқат, дар охири сол Пекин барномаи кӯмак ба ширкатҳои мошинсозиро қатъ кард ва ҳоло дар бозор коҳиши тадриҷан ҳамвори талабот ба назар мерасад.
Аммо ҳатто бо пешгӯиҳои хушбинона, ки талабот ба мошинҳои барқӣ то охири соли 2023 то 35% коҳиш хоҳад ёфт, миқёси истеҳсолот ва худи тамоюли мӯд ба мошинҳои барқӣ дар бозор чунин таконеро ба вуҷуд оварданд, ки талаботи азим ба литий дар даҳсолаҳои дигар боқӣ хоҳад монд.
Ҳамин ҳавр, Иттиҳоди Аврупо ният дорад то соли 2035 аз мошинҳои дорои муҳаррикҳои сӯзишвориаш дарунсӯз комилан даст кашад.
То чӣ андоза ба ин муваффақ хоҳад шуд – саволи дигар аст, зеро тибқи ҳисобҳои агентии нархгузории Benchmark Mineral Intelligence,то ин дам талаботи Иттиҳоди Аврупо ба литий нисбат ба истихроҷи он дуюним маротиба зиёдтар аст. Аммо дар ҳар сурат, хариди "тилои нав" барои як қатор кишварҳо як ҷузъи стратегияи давлатӣ гардид.
Албатта, чунин миқеси истеҳсолот барои давлатҳое, ки захираҳои металлии кашфшуда доранд, имконияти хубест барои пулкоркунӣ. Ҳамин тавр, роҳбари ширкати Tesla Илон Маск изҳор дошт, ки доштани корхонаҳои истихроҷ ва коркарди литий ба нишастан дар паси мошини чопӣ монанд аст.
"Ҳоло ин амалан амалеро мемонад, ба монанди чоп кардани пул. Ман бори дигар ба соҳибкорон тавсия медиҳам, ки ба тиҷорати коркарди литий дохил шаванд: шумо мағлуб нахоҳед шуд", - изҳор доштааст ин соҳибкор.
Бо вуҷуди ин, бе маслиҳати Маск ҳам, бузургони саноати кӯҳӣ ба сабқат барои захираҳои нав ворид шудаанд.Аслан, худи металл дар сайёра кифоя аст, аммо савол ин аст, ки талабот ба таъминот мувофиқат намекунад. То соли 2025 он метавонад ба 1,5 миллион тонна LCE (lithium carbonate equivalent, воҳиди стандартикунонидашудаи ченкунӣ барои пайвастаҳои гуногуни литий) ва то охири даҳсола то ба зиёда аз 3 миллион тонна расад.
Дар ин соҳа ду бозингар бартарӣ доранд, ки аслан тамоми бозорро байни худ тақсим намуда истодаанд - Австралия, ки тақрибан нисфи ҳаҷми истихроҷро таъмин мекунад ва Чин, ки то 60%-и тамоми литийи истихроҷшударо коркард мекунад. Ва агар Австралия ба истифодаи захираҳои худӣ диққат диҳад, пас ширкатҳои Чин дар тамоми ҷаҳон фаъолона ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи литий машғуланд.
Минтақаи асосии захираҳои литий, ғайр аз Австралия, Африқо мебошад, ки ҳоло шашяки истихроҷи ин намуди металл ба ин минтақа рост меояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин ҷо на ҳама конҳо кашф шудаанд.
Ва маҳз дар аз "қитъаи сиёҳ " ширкатҳои чинӣ фаъолияти худро дар саросари ҷаҳон оғоз карданд ва тавонистанд бар ивази сармоягузорӣ ва қарзҳо ҳуқуқи мутлақи коркарди қаъри заминро ба даст оварданд.
Аммо, Африқо - аз ягона минтақаи таваҷҷӯҳи тиҷорати Чин нест. Аз нуқтаи назари логистика ва қулай будани истихроҷ барои ширкатҳои чинӣ Осиёи Марказӣ ва махсусан Афғонистон ва Тоҷикистон низ - ояндадор ҳисобида мешаванд.
Маъдан - ба Пекин, миллиардҳо – ба Кобул
Дар бораи он, ки Чин мехоҳад дар Афғонистон литий истихроҷ намояд, чанд моҳ пас аз пирӯзии "Толибон" маълум шуд. Моҳи ноябри соли 2021 намояндагони якчанд ширкатҳои кӯҳӣ барои машварат бо толибон* ва вазорати саноати кӯҳии аз ҷониби толибон* таъсисдодашуда ба Афғонистон омаданд.
Намояндагони Чин ҳадафҳои худро пинҳон накарданд ва ошкоро гуфтанд, ки ба конҳои литий дар Афғонистон, ки бузургтарин дар ҷаҳон арзебӣ мешаванд, таваҷҷӯҳ доранд.
"Таваҷҷӯҳи ширкатҳо ба бахши истихроҷи маъданҳои Афғонистон, аз ҷумла - лоиҳаҳои марбут ба мис ва литий, ки конҳои онҳо 1 триллион доллар арзебӣ мешаванд, афзоиш меёбад. Аз рӯи захираҳои литий Афғонистон метавонад бо Боливия, ки ҳоло бузургтарин захираҳои металлҳои маъруфи ҷаҳон дорад, рақобат кунад", - навиштааст Global Times дар Чин дар арафаи ин сафар.
Воқеан, дар Афғонистон аввалин шуда дар солҳои 60-70-уми асри гузашта мутахассисони шӯравӣ ҳангоми бурдани корҳои иктишофӣ –геологӣ конҳои ғании литийро кашф намуда буданд.
"Соли 1978 дар Иттиҳоди шӯравӣ дуҷилдаи "Геологияи Афғонистон" ба табъ расид, ки дар натиҷаи таҳқиқоти қариб тамоми қаламрави кишвар таҳия шудааст. Аз ҷумла, корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби мутахассисони тоҷик гузаронида мешуданд.”
Ба наздикӣ ҷамъияти геологии Бритониё ин асарро ба забони англисӣ тарҷума кард. Аслан, тамоми таҳқиқотҳои ғарбӣ оид ба конҳои литий дар Афғонистон аз ин китоб манша гирифтаанд," - қайд мекунад Юнус Мамадҷонов - директори собиқи Институти геология ва сейсмологияи Тоҷикистон.
Ростӣ, корбарони чиниро аввал корашон барор накард - толибон* қодир набуданд амниятро дар иншоотҳо таъмин намоянд.
"Мушкилот дар сари таъмини амният аст. Агар он кафолат дода нашавад, фоида ба талафот намеарзад", - изҳор дошт Чжоу Шитзян, собиқ ноиби президенти палатаи савдои Чин барои воридкунандагон ва содиркунандагони металлҳо.
Гуфтугузор дар бораи истихроҷ ях баст, аммо на чандон тӯлонӣ - ҳукумати нави Афғонистон ба пул ва Чин ба конҳои литий ниёз доранд. Он қадар ҳам заруранд, ки бе қиссаҳои ҷанҷолӣ нашуд:дар аввали соли 2023 дар расонаҳои иттилоотии афғонистонӣ хабаре паҳн шуд, ки ду шаҳрванди чин ва се нафар ёрони афғониашон кӯшиш карданд, ки тақрибан 1,3 ҳазор тонна маъдани литийро аз Афғонистон бо роҳи қочоқ бароранд..
Тибқи маълумоти охирини вазорати истихроҷи маъдан ва нафти Афғонистон, то имрӯз ҷониби Чин дар шахси ширкати "Гочин" нақша дорад, ки то 10 миллиард доллар барои истихроҷи литий сармоягузорӣ кунад ва дар кишвар даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис диҳад.
Душанбе ба чӣ умед мебандад?
Албатта, Тоҷикистон низ ба дурнамои ҳамсояи ноором таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Хусусан ҳоло, ки шароит барои ташкили тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин ҷо хеле беҳтар аст - ҳеҷ мушкиле дар амният вуҷуд надорад, шабакаи роҳҳо ва инфрасохтори логистикӣ ҳамасола нав карда мешаванд ва ҳукумат таҷрибаи зиёди ҳамкорӣ бо ширкатҳои чиниро дорад.
Аммо ин ҳама омилҳои дуюмдараҷа мебошанд. Саволи асосӣ дар дигар аст – оё чизе, ки истихроҷ бояд кунанд, мавҷуд аст?
"Дар Тоҷикистон ҳам дар замони Иттиҳоди шӯравӣ ва ҳам дар солҳои истиқлолият ҷустуҷӯи ин маъдан идома дошт. Якчанд конҳои хеле ояндадор кашф карда шуданд. Захираҳо, албатта, бо афғонӣ муқоисанашавандаанд, аммо ҳатто дар ҳолати таҳияи онҳо ҳам метавон даромади калон ба даст овард", - қайд мекунад Юнус Мамадҷонов.
Ба гуфтаи ӯ, дар қисмати ҷанубии Помир конҳои ояндадори литий мавҷуданд, ки онҳоро пегмативӣ меноманд. Тадқиқоти онҳо аз ҷиҳати стратегӣ то соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, аммо агар маблағгузории иловагӣ ба даст оварда шавад, таҳия метавонад аз он ҳам пештар оғоз ёбад.
Инро роҳбарияти кунунии раёсати геология низ тасдиқ менамояд. Ҳамин тавр, дар миенаи моҳи июл роҳбари ин раёсат Илхомҷон Оймуҳаммадзода ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард, ки мутахассисони идораи ӯ дар қисми ҷанубии Памир пешакӣ корҳои иктишофӣ мебаранд. Ва мавҷудияти захираҳои назарраси майдонҳои литийдори намуди С2-ро тасдиқ карданд.
Бо ишора ба махфияти маълумот, вай рақамҳои дақиқро номбар накард, аммо таъкид дошт,ки ҳоло ҳукумат, инчунин, лоиҳаи нави геологӣ-разведкавиро дар қисмати марказии кишвар оид ба азхудкунии мавзеъҳои ояндадори металлҳои нодир амалӣ намуда истодааст.
Барои Тоҷикистон истихроҷи литий на танҳо масъалаи содироти фоидаовар, балки масъалаи талаботи дохилӣ низ мебошад. Сиёсати ҳукумати кишвар ба декарбонизатсияи соҳаи нақлиет равона карда шудааст. Оддӣ карда гӯем - гузариш ба нақлиёт бо муҳаррики гибридӣ ё комилан барқӣ.
Моҳи марти соли 2023 мақомот барномаи панҷсолаи рушди комплексии нақлиёти барқиро тасдиқ кард, ки тибқи он танҳо дар Душанбе бояд 500 автобуси хатсайриро бо автобусҳои барқӣ иваз намуда, минбаъд тадриҷан тамоми нақлиёти ҷамъиятии мавҷудбудаи пойтахтро нав кунанд.
Ин бе назардошти он, ки дар доираи ҳамин барнома аввалин корхонаи бренди чинии JAC-моторс кушода шуд, ки ба истеҳсол ва фурӯши мошинҳои барқӣ машғул хоҳад буд.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи литий дар қаламрави худ дучанд манфиатдор аст.
Аммо ҳатто агар иктишоф муваффақ шавад ва конҳо ояндадор дониста шаванд ҳам, ҳукумат ногузир саволе ба миён меорад, ки кӣ бо коркарди конҳо машғул хоҳад шуд? Азбаски, мутаассифона, Тоҷикистон мустақилона истихроҷи саноатиро ташкил карда наметавонад, ширкатҳои хориҷӣ ба кӯмак меоянд.
"Барои истихроҷи пурраи ин металли дар айни замон серталаб, бешубҳа, сармоягузории назаррас лозим аст. Аллакай сармоягузорони эҳтимолӣ ҳастанд, аз ҷумла Чин ва Русия. Пекин лоиҳаҳои муштаракро дар истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ саховатмандона маблағгузорӣ мекунад, аммо музокиракунанда дар раванди созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулоти ниҳоӣ хеле сахтгир аст", - қайд мекунад иқтисоддон Толиб Икромов.
Дар ҳақиқат, тавре ки таҷрибаи коркарди конҳои тилло дар Тоҷикистон нишон медиҳад, шартҳои шартномаҳо чунин аст, ки то он даме, ки ширкати чинӣ хароҷоти худро пурра ба даст нагирад (ки ҷуброни онро дар шакли ҳамон тило мегирад), тарафи дигар наметавонад ба фоидаи калон умед бандад - дар беҳтарин ҳолат – танҳо ба зуд пӯшонидани қарз умед баста метавонаду халос.
Аммо, сарфи назар аз шароити вазнини ӯҳдадориҳои қарзӣ, Тоҷикистон ҳанӯз интихоби дигареро надорад – фақат Чин дорои миқдори кофии маблағҳои сармоягузорӣ ва таҷрибаи кофӣ барои зуд оғоз намудани истихроҷи маъдан дар сурати пайдо шудани конҳои ояндадор мебошад.
"Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли равон зимни сафараш ба Чин бо раиси шӯрои директорони ширкати истихроҷи маъдани "Ҷитсун Литий" Нан Ҷинси бобати масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба истихроҷ ва коркарди маъдани литий мулоқот намуд.
Барои ин, ширкат дорои тамоми технологияҳои зарурӣ ва таҷҳизоти муосир мебошад, қайд мекунад Толиб Икромов. - Мумкин аст, ки дар ояндаи наздик созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расад. Савол танҳо дар он аст, ки ҳиссаи дороии Чин дар кадом шакл талаб карда мешавад”.
* Созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.