Чин дар Суғд корхонаи бузурги истихроҷи канданиҳои фоиданок бунёд мекунад

© Из личного архива Андрея ЗахватоваРазработка новых месторождений золота, архивное фото
Разработка новых месторождений золота, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки корхонаи мазкур авоили соли 2020 ба истеҳсоли маҳсулот оғоз кунад

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. ҶСП "Талко Голд" дар ноҳияи Айнӣ як корхонаи бузурги истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок бунёд мекунад, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Дар ин бора раҳбари ширкати ҶСП "Талко Голд" дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Раиси вилоят аз бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ ва истихроҷи маъданҳои кони Кончочи ноҳияи Айнӣ изҳори қаноатманд шуда, гуфтааст, ки амалишавии ин иқдом ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунандагони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари ҶСП "Талко Голд" ба раиси вилоят иттилоъ додааст, ки корҳои сохтмонии корхона дар ноҳияи Айнӣ рӯзҳои наздик оғоз меёбад.

Анҷоми корҳои сохтмонӣ то охири соли 2019 ба нақша гирифта шуда, аввали соли 2020 истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда мешавад.

Дар назар аст, ки дар корхонаи бунёдшаванда беш аз 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0