https://sputnik.tj/20220624/tojikiston-kohish-sodirot-sang-qimatbaho-1049469863.html
Тоҷикистон ба коҳиши содироти металу сангҳои қиматбаҳо идома медиҳад
Тоҷикистон ба коҳиши содироти металу сангҳои қиматбаҳо идома медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дар пасманзари афзоиши воридот, фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, инчунин сангҳо ба хориҷ ба сатҳи рекордӣ коҳиш ёфт
2022-06-24T09:03+0500
2022-06-24T09:03+0500
2022-06-24T13:06+0500
дар тоҷикистон
содирот
сангҳои қиматбаҳо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/45/1029904506_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_726adb04e8536c7ae87308addec25d3e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Тоҷикистон содироти филизоти қиматбаҳоро коҳиш додааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Дар кишвар аз аввали соли 2022 фурӯши металлу сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо нисбат ба панҷ моҳи соли 2021 75,3% кам шудааст. Ба иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 175,1 миллион доллар филизоти қиматбаҳо содир шудааст. Ин рақам боз коҳиш ёфта, ҳоло 533,8 миллион доллар аст. Дар ҳамин ҳол, воридоти ҳамон ашёи хом 6,1 баробар афзудааст. Дар соли 2022 ба маблағи беш аз 4,2 миллион доллар сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳо ворид карда шуданд, ки нисбат ба соли 2021 6,1 маротиба ё 3,6 миллион доллар зиёд мебошад. Ёдовар мешавем, ки солҳои қаблӣ фурўши филизоти қиматбаҳо ба хориҷа бахши қобили мулоҳизаи содиротии ҷумҳурӣро ташкил медод. Дар сохтори содирот фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба 47 фоизи ҳаҷми умумӣ расида буд.Қаблан Агентии содирот гуфта буд, ки чӣ чиз ба кишвар ба афзоиши фурӯш дар бозорҳои хориҷӣ халал мерасонад. Баҳодур Раҳимзода, муовини раиси ин ожонс таъкид кард, ки ширкатҳои тоҷикӣ сомонаҳое надоранд, ки харидорон дар бораи коло маълумоти заруриро пайдо кунанд. Вай муътақид аст, ки имрӯз муаррифии маҳсулот дар интернет як фурсати хубе барои роҳандозии равобити тиҷоратӣ аст.
https://sputnik.tj/20220513/tojikiston-pul-furush-tilo-1048425558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/45/1029904506_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6d78339726319afa21b4d41c9cacdda4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон коҳиш содирот метал санг қиматбаҳо
тоҷикистон коҳиш содирот метал санг қиматбаҳо
Тоҷикистон ба коҳиши содироти металу сангҳои қиматбаҳо идома медиҳад
09:03 24.06.2022 (Навсозишуда: 13:06 24.06.2022) Дар пасманзари афзоиши воридот фурӯши металҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо инчунин сангҳо ба хориҷ ба сатҳи рекордӣ коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Тоҷикистон содироти филизоти қиматбаҳоро коҳиш додааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Дар кишвар аз аввали соли 2022 фурӯши металлу сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо нисбат ба панҷ моҳи соли 2021 75,3% кам шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 175,1 миллион доллар филизоти қиматбаҳо содир шудааст.
Ин рақам боз коҳиш ёфта, ҳоло 533,8 миллион доллар аст.
Дар ҳамин ҳол, воридоти ҳамон ашёи хом 6,1 баробар афзудааст. Дар соли 2022 ба маблағи беш аз 4,2 миллион доллар сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳо ворид карда шуданд, ки нисбат ба соли 2021 6,1 маротиба ё 3,6 миллион доллар зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки солҳои қаблӣ фурўши филизоти қиматбаҳо ба хориҷа бахши қобили мулоҳизаи содиротии ҷумҳурӣро ташкил медод.
Дар сохтори содирот фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба 47 фоизи ҳаҷми умумӣ расида буд.
Қаблан Агентии содирот гуфта буд, ки чӣ чиз ба кишвар ба афзоиши фурӯш дар бозорҳои хориҷӣ халал мерасонад.
Баҳодур Раҳимзода, муовини раиси ин ожонс таъкид кард, ки ширкатҳои тоҷикӣ сомонаҳое надоранд, ки харидорон дар бораи коло маълумоти заруриро пайдо кунанд.
Вай муътақид аст, ки имрӯз муаррифии маҳсулот дар интернет як фурсати хубе барои роҳандозии равобити тиҷоратӣ аст.