ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Вай далоили тағйироти маводи ғизоӣ дар панҷ соли ахирро номбар кард ва аз тафовути начандон зиёди нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар як соли ахир гуфт.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигори “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, ҳар ҳафта шахсан ба ду бозори шаҳри Душанбе – бозори яклухтфурӯшии “Деҳқон” ва бозори чаканафурӯшии “Меҳргон” - рафта, нархҳоро назорат мекунад.
“Худам танҳо меравам. Бо ҳамон либосе, ки ғайрирасмӣ аст. Агар бо либоси расмӣ равам, нархро мумкин баланд гӯянд, аз ин хотир, бо либоси ғайрирасмӣ меравам”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Вазир нахуст гуфт, ки худаш танҳо меравад, аммо зуд илова кард, ки ронандааш низ ӯро ҳамроҳӣ мекунад.
“Шахсан нархҳоро меомӯзам ва мебинам, ки тағйироти чандон бузурге дар онҳо нест, аммо таҳлилҳое, ки мо аз панҷ соли ахир дорем, нишон медиҳад, ки дар самти таъмини амнияти ғизоии кишвар бояд корҳои зиёде ба анҷом расанд”, - гуфт вазири кишоварзии Тоҷикистон.
Сар задани вазири кишоварзӣ ба бозорҳои Тоҷикистон бесабаб нест. Аксари суолҳое, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш садо доданд, беш аз ҳама марбут ба нарху навои маводи кишоварзӣ буданд. Суолҳое аз ин боб, ки чаро ҳамасола дар Тоҷикистон нархи ин ё он навъи маҳсулоти кишоварзӣ якбора гарон ва камбуди он мушоҳида мешавад, масалан, як сол сабзӣ, соли дигар пиёз ё картошка ва он ҳам дар кишваре, ки худ кишоварзӣ ба шумор меояд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо низ зиёд матраҳ мешавад.
Қурбон Ҳакимзода яке аз сабабҳои камбуди маводи ғизоиро ба афзойиши назарраси аҳолӣ работ дода гуфт, аҳолии Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 250 ҳазор нафар афзойиш меёбад, аммо заминҳои кишт ҳамон гуна ки буданд, боқӣ мондаанд.
“Масалан, тайи панҷ соли ахир майдони кишти картошка ҳамасола аз 32 то 33 ҳазор гектар буд. Ҳоло супорише, ки ахиран дар ҷаласаи ахири ҳукумат аз раҳбарияти кишвар гирифтем, ин аст, ки қабл аз ҳама дар Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ бештар кор кунем. Аз як тараф, бояд замини кишти сабзавот, аз сӯи дигар, ҳосилнокӣ тариқи ҷорӣ намудани технологияҳои ҷадид бояд зиёд шавад”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Дар идома вай гуфт, дар қиёс бо соли гузашта қимати маводи ғизоии муҳим, назири орду равған коҳиш ёфта, дар нархи бархе чандон тафовути зиёде ба миён наомадааст, аммо дар нархи бархеи маводи болоравии назаррас дида мешавад.
“Аз ҷумла, дар қиёс бо соли гузашта нархи орд 38% ва нархи равғани растанӣ 36% коҳиш ёфтааст. Пиёз 55% ва шакар 1% арзон шуда, картошка 46%, биринҷ 16%, шир 12% ва гӯшти гов 3% қимат шудааст”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Вай афзуд, аммо пешгӯии ин ки нархҳо дар оянда боз чӣ гуна таҳаввулотро аз сар хоҳанд гузаронд, хеле мушкил мушкил аст, зеро дар нархи 24 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ки ҳар ҳафта нархи онҳо дар бозорҳои Душанбе - “Саховат”, “Меҳргон” ва “Деҳқон” - мавриди мониторинг қарор мегиранд, моҳ ба моҳ ва ҳатто ҳафта ба ҳафта пойинравӣ ё болоравии ғайри қобили пешбинӣ дида мешавад.
“Масалан, ҳафтаи гузашта аз ин 24 номгӯй нархи 12 номгӯй (гӯшти гов, гӯшти гӯсфанд, гӯшти мурғ, тухм, карам, пиёз, булғорӣ, сабзӣ, себ, лубиё, мош, асал) поён омада, нархи 12 номгӯи дигар (нахӯд, лимӯ, нок, шакар, шир, гандум, орд, равғани пахта, биринҷ, бодиринг, помидор, картошка) баланд шудааст. Тағйири нарх дар маводе дида мешавад, ки дар гузашта қиматашон ҳам рӯ ҳам ба сууд буд ё ҳам ба нузул буд”, - гуфт вазири кишоварзии Тоҷикистон.
Қурбон Ҳакимзода гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои ногувор ва танзими бозор ҳамасола барои навоҳӣ структураи киштро пешниҳод мекунад, ки тибқи он, хоҷагиҳо муваззаф мешаванд, кишти маҳсулоти кишоварзӣ, назири картошкаву пиёзу сабзиро ба таври нақшавӣ ба роҳ мемонанд.
“Бале, тибқи қонун, ҳар деҳқон озод аст ва ихтиёри интихоб ба ӯст, ки кадом зироатро кишт кунад, то зарар набинад ва ҳам фоида бинад. Дар чунин маврид ҳукуматро зарур аст, ки деҳқонро дастгирӣ кунад, то аз иҷрои структураи кишт зиён набинад. Масалан, дар ҷаласаи ахир раиси ҳукумати Тоҷикистон ҳукумати шаҳри Душанбе, Тоҷикматлубот ва Агентии захираҳои назди ҳукумати Тоҷикистонро муваззаф карданд, ки маҳсулотро аз деҳқонон дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҳам арзон буданаш харидорӣ намуда, дар ҳаҷми 50-ҳазортонагӣ захира кунанд”, - гуфт вазири кишоварзӣ.
Вай афзуд, яке аз барномаҳои дигар эҷоди як қатор марокизи логистикӣ ва сардхонаҳо аст, ки дар саросари кишвар бояд эҷод шавад ва барои ин кор як лоиҳаи тамомайёр таҳия ва маблағи низ ихтисос ёфта, то чанд моҳи дигар мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.
“Ин камбудии ҷиддии мост. Агар анбору сардхонаҳо бошанд, метавон маҳсулоти заруриро то вақти муайян нигаҳ дошт ва ба бозор ироа карда, нархҳоро ҳам ба танзим овард”, - гуфт вазири кишоварзӣ.
Тибқи иттилоъи ӯ, бино ба лоиҳа, дар саросари кишвар чаҳор маркази логистикӣ – ду адад дар вилояти Хатлон ва якададӣ дар шаҳри Душанбеву вилояти Суғд эҷод мешавад, ки ба харидорӣ, коркард ва ҳам нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос хоҳанд ёфт.