https://sputnik.tj/20230731/vazir-kishovarzi-bozor-tojikiston-arzon-garon-1058551705.html
Вазири кишоварзӣ гуфт, дар бозорҳои Тоҷикистон чӣ арзону чӣ гарон шуд
Вазири кишоварзӣ гуфт, дар бозорҳои Тоҷикистон чӣ арзону чӣ гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири кишоварзии Тоҷикистон нархҳои феълӣ дар бозорҳои ҷумҳуриро бо нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта қиёс карда, изҳор дошт, ки чӣ арзону чӣ гарон шудаст
2023-07-31T17:25+0500
2023-07-31T17:25+0500
2023-07-31T17:25+0500
дар тоҷикистон
нарх
иқтисод
захира
бозор
қурбон ҳакимзода
гӯшт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257089_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_8726631533adf6bccbc360691b8b4fbf.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Орди гандум, равған ва гӯшти мурғ дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шудаанд, изҳор дошт вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, Қурбон Ҳакимзода. Ба иттилои ӯ, маҳсулоти аз ҳама серистеъмол дар Тоҷикистон - орди гандумӣ ба андозаи 38% дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта арзон шудааст. Ҳамчунин нархи равған -36% ва гӯшти мурғ - 2% дар муқоиса бо нимсолаи пешӣ поин рафтааст. Дар баробари ин бисёре аз маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои ҷумҳурӣ нисбатан гарон шудаанд. Қурбон Ҳакимзода аз ҷумла изҳор дошт, ки нархи биринҷ – 16 % гарон, шир - 12 %, гушти гов - 3% қимат, донагиҳо - 1-2 % ва картошка - 10% қимат шудаанд. Гароншавии нархи бисёре аз маҳсулот дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазири кишоварзии Тоҷикистон истеҳсоли тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар аз 1 то 10% афзуд. Аммо картошка, ангур, тухм ва асал истисно будаанд, ки ҳосилнокии он аз 0,3 то 4% кам шудаст.Вазири кишоварзии Тоҷикистон, сабаби коҳиши ҳосилро шароити номусоиди ҳаво арзёбӣ кард. Ҳакимзода ҳамчунин гуфт, ки соли ҷорӣ пиёз қимат намешавад ва сокинон бояд ташвиш нашаванд."Боиси ташвишатон набошад. Имсол майдони зарурӣ кишт шудааст ва нархи пиёз набояд қимат шавад. Бо вуҷуди ин, вазир хоҳиш намуд, ки мардум то ду сол захираи маводи озуқа дошта бошанд", - афзуд вай.Ӯ гуфт, агар дар моҳи сенябр 200-300 кг пиёзро харида захира кунанд, то моҳи майи соли оянда мерасад.
https://sputnik.tj/20230731/voridoti-modarzanburi-bordoti-khushzot-tojikiston-1058547709.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257089_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_b663ad0e57937e0d7e52a2f2cc54a0de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, бозор, маҳсулот, кишоварзӣ, арзон, арзиш
нарх, бозор, маҳсулот, кишоварзӣ, арзон, арзиш
Вазири кишоварзӣ гуфт, дар бозорҳои Тоҷикистон чӣ арзону чӣ гарон шуд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон нархҳои феълӣ дар бозорҳои ҷумҳуриро бо нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта қиёс кард, изҳор дошт, ки чӣ арзону чӣ гарон шудаст
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Орди гандум, равған ва гӯшти мурғ дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шудаанд, изҳор дошт вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, Қурбон Ҳакимзода.
Ба иттилои ӯ, маҳсулоти аз ҳама серистеъмол дар Тоҷикистон - орди гандумӣ ба андозаи 38% дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта арзон шудааст.
Ҳамчунин нархи равған -36% ва гӯшти мурғ - 2% дар муқоиса бо нимсолаи пешӣ поин рафтааст.
Дар баробари ин бисёре аз маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои ҷумҳурӣ нисбатан гарон шудаанд.
Қурбон Ҳакимзода аз ҷумла изҳор дошт, ки нархи биринҷ – 16 % гарон, шир - 12 %, гушти гов - 3% қимат, донагиҳо - 1-2 % ва картошка - 10% қимат шудаанд.
Гароншавии нархи бисёре аз маҳсулот дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазири кишоварзии Тоҷикистон истеҳсоли тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар аз 1 то 10% афзуд. Аммо картошка, ангур, тухм ва асал истисно будаанд, ки ҳосилнокии он аз 0,3 то 4% кам шудаст.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон, сабаби коҳиши ҳосилро шароити номусоиди ҳаво арзёбӣ кард.
Ҳакимзода ҳамчунин гуфт, ки соли ҷорӣ пиёз қимат намешавад ва сокинон бояд ташвиш нашаванд.
"Боиси ташвишатон набошад. Имсол майдони зарурӣ кишт шудааст ва нархи пиёз набояд қимат шавад. Бо вуҷуди ин, вазир хоҳиш намуд, ки мардум то ду сол захираи маводи озуқа дошта бошанд", - афзуд вай.
Ӯ гуфт, агар дар моҳи сенябр 200-300 кг пиёзро харида захира кунанд, то моҳи майи соли оянда мерасад.