Фаъолияти 14 муассисаи интернатӣ дар Хатлон

Барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон дар интернатҳои вилояти Хатлон мутахассисони касбӣ ва огоҳ аз педагогикаву психология ҷалб карда шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 14 муассисаи интернатӣ бо фарогирии 2844 нафар тарбиятгиранда фаъолият мекунад, иттилоъ додааст Раёсати Маорифи Вилояти Хатлон.
Манбаъ таъкид кардааст, ки интернатҳо дар тарбияи насли нав тамоми имконияти мавҷуда истифода мешавад.
Қайд карда шудааст, ки шароити будубош ва таълиму тарбия дар муассисаҳои мазкур нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст
Ба кор дар ин муассисаҳо мутахассисони касбӣ ва огоҳ аз педагогикаву психология ҷалб карда шудаанд.
Русия аз рӯи 100 ихтисос ба донишҷӯёни Хатлон бурсия ҷудо мекунад
Тибқи иттилои манбаъ, аз муассисаҳои болозикр 4 адад мақоми ҷумҳуриявӣ, 1 адад мақоми вилоятӣ, парваришгоҳи наздимактабӣ, интернати бачагони болаёқат, мактаб-интернати ёрирасон ва 6 адад интернатҳои маҳаллӣ мебошанд.
Зикр карда шудааст, ки тамоми кӯдакону наврасон аз ҷониби мақомот доиман дастгирӣ меёбанд. Дар ҳар иду айём туҳфаҳои гуногун ба онҳо дастрас карда мешавад.