Овоздиҳии пешакии ӯзбекистониҳои Суғд дар интихоботи президентияшон - видео

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар шаҳру навоҳии Суғд иқомат доранд, пояи сандуқҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуда, дар интихоботи президентии кишвари худ ширкат намуданд
Sputnik
Барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар вилояти Суғд ба сар мебаранд, дар бинои китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дар Хуҷанд имкони иштирок дар интихоботи президентии қарибулвуқӯъ фароҳам карда шудааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҷараёни баргузории интихоботи президентии Ӯзбекистон дар Хуҷандро наворбардорӣ кард.
Интихоботи президентии Ӯзбекистон 9 июл муқаррар шудааст. Овоздиҳии пешакӣ аз 28 июн то 5 июл таъйин шуд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ӯзбекистон дар назди сафорати ҷумҳурӣ дар Душанбе низ участкаи интихоботии № 42-ро ташкил кардааст.
Ӯзбекистониҳо дар Тоҷикистон дар куҷо имкони овоздиҳӣ доранд?
Ба иттилои сафорат, қитъаи интихоботии назди сафорат дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Саноӣ, хонаи рақами 30 фаъол буда, дар суроғаҳои дигар низ нуқтаҳои овоздиҳӣ ташкил шуданд.
Дар баробари Хуҷанд, инчунин нуқтаи овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Бохтар ва Истаравшан фаъол буданд.
Дар интихоботи раисҷумҳури Ӯзбекистон 4 номзад, аз ҷумла аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раисҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёев пешбарӣ шудааст.
Ҳизби экологӣ номзадии Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудоваро пешниҳод карда, КМИ онҳоро сабт намуд.