Раҳмон роҳи субот дар Афғонистонро гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ташаккули як Афғонистони босуботу ором манифиатдоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ташкили ҳукумати ҳамашумул роҳи таъмини суботу оромӣ дар Афғонистон аст, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ ин нуктаро бори дигар зимни нишасти онлайнии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баён дошт.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки кишварҳои созмон ба ташаккули Афғонистони орому озод аз гуруҳҳои террористӣ манфиатдор мебошад.
Ӯ роҳи расидан ба ин ҳадафро ташаккули ҳукумати воқеан ҳамашумул бо иштироки тамоми гуруҳҳои қавмию сиёсии Афғонистон гуфт.
Си Ҷинпин дар нишасти СҲШ даъват кард, ки дар муқобили инқилобҳои ранга муттаҳид шаванд
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон майли афзоиш дорад ва кишварҳои СҲШ-ро зарур аст, бо таҳдидҳои бархоста мубориза баранд.
Душанбеи расмӣ қаблан низ борҳо изҳор дошта буд, ки ба субот дар Афғонистон метавон танҳо аз роҳи ташкили давлати ҳамашумул бо иштироки намояндагони тамоми қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ даст ёфт.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон то ҳол амалӣ нашудааст.