Си Ҷинпин дар нишасти СҲШ даъват кард, ки дар муқобили инқилобҳои ранга муттаҳид шаванд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПредседатель КНР Си Цзиньпин
Председатель КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар нишасти 23-юми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки онлайн баргузор мешавад, суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Кишварҳои СҲШ бояд ба инқилобҳои ранга ва дахолати беруна ба корҳои дигар давлатҳо муқобилат кунанд.
Дар ин бора Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин зимни нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар формати онлайн баргузор шуд, изҳор дошт.
"Бояд аз кӯшишҳои аз берун барои барангехтани ҷанги нави сард ва барангехтани зиддияти блокҳо дар минтақаи мо ҳушёр бошем",- гуфт ӯ.
Сарвари Чин афзуд, ки сиёсати кишварҳои узви ин иттиҳодия бояд бар эҳтиром ба манофеи аслии ҳамдигар, радди рақобат ба нафъи ҳамкорӣ асос ёбад.
Си Ҷинпин ҳамчунин аз ташаббусҳои марбут ба ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ бо асъори миллӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки ин равандҳо бояд дар доираи созмон фаъолона рушд кунанд.
Саммит ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ - видео
Чин омода аст имкониятҳои худро ба хотири ҷаҳони зебо мубодила кунад, гуфт сарвари ҶМЧ.
Ёдовар мешавем, ки дар Деҳлии Ҳиндустон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ифтитоҳ ёфт.
Он дар ҳолати онлайнӣ кор мекунад. Дар натиҷаи ин нишаст эъломияи Деҳлии Нав ва як қатор санадҳои дигар имзо хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0