Сафири Эрон изҳороти Путин дар бораи китоби Қуръонро шарҳ дод - видео

Сафири Эрон Дар Русия суханони ахири раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар Доғистонро дар бораи китоби Қуръон рафтори нек номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Сафири Эрон дар Русия Козим Ҷалолӣ изҳороти Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишварро дар бораи эҳтиром ба Қуръон дар Русияро як амали нек хонд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Ба иттилои манбаъ, Владимир Путин ахиран дар ҷараёни сафараш ба Доғистон аз масҷиди Ҷомеъӣ Дарбент дидан кард, ки яке аз қадимтарин масҷидҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад ва дар он ҷо ба раҳбари Русия китоби Қуръон ҳадя карданд.
Зимни боздид аз ин масҷид раҳбари Русия гуфт, беэҳтиромӣ ба Қуръон дар Русия дар қиёс ба бархе аз кишварҳо ҷиноят аст.
Сарвари давлат таъкид кард, ки Русия ҳамеша ба ин қоидаҳои қонунгузорӣ риоя хоҳад кард.
"Он ки Владимир Путин дар Дарбент Қуръонро ҳамчун тӯҳфа қабул карда гуфт, ки дар Русия китобҳои илоҳӣ, аз ҷумла Қуръонро эҳтиром мекунанд, амали неки раҳбари ин давлат аст. Ин эҳтиром ба пайравони ислом дар Русия, ҳамватанон, дар маҷмуъ ба мусулмонони ҷаҳон аст”, - гуфт сафир дар нишасти хабарӣ дар “Россия сегодня” дар робита ба Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Русия, ки рӯзҳои 4-9 июл баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Ҷалолӣ, имрӯз кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва Иёлоти Муттаҳида кӯшиш доранд, ки барномаи бардурӯғро дар бораи дин ҷорӣ кунанд.
"Ҳама чиз имконпазир аст, қавонини мазҳабӣ ҳеҷ маъно надорад, эҳсосот ва хоҳишҳои инсонӣ болотар аст. Владимир Путин Қуръонро ҳамчун тӯҳфа қабул карда, возеҳ гуфт, ки беэҳтиромӣ ба китобҳои муқаддас дар Русия ғайри қобили қабул ва ҷиноят аст", - гуфт Козим Ҷалолӣ.