ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бо гузашти як ҳафта аз рабуда шудани муовини раиси "Ориёнбонк", Шуҳрат Раҳматуллоев ҳанӯз хабаре аз маҳалли ҳузури ӯ ба даст наомадааст.
Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, барои пайдо кардани муовини раиси "Ориёнбонк" як гуруҳи махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯии ин ниҳод фаъолият дорад.
"Дар ҳоли ҳозир, натиҷае дар даст нест ва ҳанӯз сари нах ба даст наомадааст. Ҷустустуҷӯ башиддат идома дорад", - гуфт ӯ ба Sputnik Тоҷикистон.
Рабуда шудани муовини Ҳасан Асадаллозода, раиси "Ориёнбонк" ва аз наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон, як ҳодисаи фавқулодда аст, ки тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК "Ориёнбонк" рӯзи 23-юми июни соли равон, тахминан соати 20.10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шудааст.
Бино ба ин манбаъ, ӯро 4 шахси ношинос бо зӯрӣ ба як мошини тамғаи "Хюндай-Соната"-и сиёҳу сиёҳшиша савор карда, аз масири хиёбони Рӯдакӣ - Майдони Сарҳадчиён - маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ва бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб ва Чағатай бурда, пас аз он ғайб задаанд.
Вобаста ба ин қазия вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз рӯи моддаи 130-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "одамрабоӣ" парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, расман аз сокинони кишвар хост, ки ба пайдо намудани муовини раиси “Ориёнбонк” мусоидат кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон барои барои маълумоте, ки мӯҷиби пайдо кардани Шуҳрат Исматуллоев мешавад, 30 ҳазор доллар низ мукофот эълон намуданд.