ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мусулмонони кишварро бо иди Қурбон табрик гуфта, қайд кард, ки ин ид ба таҳкими ормонҳои некӣ, шафқат ва адолат дар ҷомеа хидмат мекунад.
Паёми шодбошии раисҷумҳури Русия ба мусалмонони кишварро дафтари матбуоти Кремл нашр кардааст.
"Мусулмонони Русияро бо иди Қурбон самимона табрик мегӯям. Ин ид, ки анҷоми зиёрати муқаддасоти исломиро нишон медиҳад, дорои маънои амиқи ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад", — гуфта мешавад дар матни паём.
Ба гуфтаи Владимир Путин, ки ҷомеаи мусулмонони Русия дар ҳаёти кишвар нақши бузург дошта, дар таҳкими сулҳи байни миллатҳо ва динҳо, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад.
Илова бар ин, ба гуфтаи Путин, ҷанговарони мусалмон бо такя ба анъанаҳои таърихӣ, маънавӣ ва ватандӯстии ниёкони худ дар амалиёти вижаи низомӣ фидокорӣ, шуҷоат ва мардонагиро нишон дода истодаанд.
Маврид ба зикр мусалмонони Тоҷикистону Русия дар баробари ҳамдинҳои дигарашон дар саросари ҷаҳон 28 июн иди Қурбонро таҷлил мекунанд.
Он дар тамоми ҷаҳон дар рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа тибқи тақвими мусалмонӣ таҷлил мешавад. Тибқи анъана, ҳар мусалмони тавонманд бо риояи қоидаҳои муайян, бояд гӯсфанд ё говро қурбонӣ кунад.
Таъкид мешавад, ки чорворо бояд танҳо афроде қурбонӣ кунанд, ки мушкилоти молиявӣ дар хонаводаашон надоранд.