Патрушев: ИМА ва Бритониё талош доранд авзои Осиёи Марказиро муташанниҷ кунанд

Раиси Шӯрои амнияти Русия хоҳиши муташанниқ кардани авзоъ дар Осиёи Марказиро авлавияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё муташанниҷ кардани вазъро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар авлавияти худ қарор додааст, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
"Осиёи Марказӣ ҳадафи аввалиндараҷаи таъсири иттилоотии онҳо барои мустақар намудани назорат бар сари аҳолӣ шудааст. Қаллобии афкори ҷамъият аз ҷониби Вашингтон ва Лондон ба муташанниҷ кардани вазъи сиёсии дохилӣ, фишор овардан ба мақомот ва ташаккули як табақаи аҳолӣ, ки ба арзишҳои онҳо наздиканд ва муғоири анъанаҳои чандинасраи халқҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, равона шудааст", - гуфт оқои Патрушев дар Алмаато дар нахустин нишасти котибони шӯроҳои амниятӣ дар шакли "Осиёи Марказӣ ва Русия".
Дар ин ҷаласа амнияти Осиёи Марказӣ ва Русия дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Патрушев гуфт, ИМА ба кишварҳои собиқ шӯравӣ фишор меорад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дабири Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки ИМА талош доранд сокинони кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравиро ба низои Украина бикашанд.
Вай гуфт, Вашингтон ба ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ фишор меорад ва талош дорад, ки шаҳрвандони онҳоро ба амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина ҷалб намояд, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
"Ҳоло ИМА бори дигар дар пайи барангехтани низоъҳо дар атрофи Русия ҳастанд ва болои кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ фишор меоранд то кӯшиш кунанд шаҳрвандони онҳоро ба ҷанги Украина бикашанд", - гуфт оқои Патрушев зимни суханронӣ дар Налчик дар нишасти масоили амниятӣ дар Қавқози Шимолӣ.