ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Санъаткорони Бадахшон бо барномаи дидании фарҳангӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар ин бора, зимни ҷаласаи назоратӣ, ки таҳти раёсати раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот баргузор гардид, маълум шуд, вале рӯзи сафар дақиқ гуфта нашуд.
Раиси вилоят дар назди масъулини шуъба ва бахшҳои фарҳанг, раёсат ва шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҳияи барномаи мукаммали фарҳангӣ супоришҳои иловагӣ гузошт.
Санъаткорон бояд бо ин барнома, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳунарнамоӣ кунанд.
Мирзонабот ҳамчунин, барои омода намудани варзишгарон аз намудҳои шоҳмот, тениси калон, шиноварӣ ва давидан барои мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дастурдо дод.
Масъалаи дигари ҷаласа омодагии ҳамаҷони бабарои баргузор кардани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ бамуносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буд.
Ҳамчунин дар ҷаласа, бобати рушди соҳаи маориф, талафоти чорвои шохдори калон ва моли майда дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ ва аҳолӣ, ба истифода додани Матбааи вилоятӣ, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар масъалаҳо табодули назар карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари ахири худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар бахши фарҳанг ва иртибот байни муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои ду давлатро зарур хонд.
Дар ин сафар Раҳмон ва Тоқаев эъломияи ҳамкории ҳампаймониро имзо карданд, ки муносиботи ду кишварро ба сатҳи нав баровард.