Бозхонди иҷозатнома: Фаъолияти “Атласпэй” дар Тоҷикистон қатъ гардид

Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтии “Атласпэй” бозхонд ва амали онро қатъ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди молиявӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн – Sputnik. Ба иттилои манбаъ иҷозатномаи “Атласпэй” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.
“Дар асоси дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” иҷозатномаи оператори низоми пардохтии “Атласпэй”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, таҳти №39 ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” дода шудааст, бинобар сабаби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд гардидани иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, бозхонд ва амали он қатъ карда шуд”, - таъкид кардааст БМТ.
Ҳамчунин раёсати Бонки миллӣ хабар додааст, ки дар асоси қарори мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Бонки миллӣ “Алиф Бонк”-ро беш аз ним миллион сомонӣ ҷарима кард
"Атласпэй" яке аз аввалин Операторони низоми пардохтӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ёрирасони пардохтҳои хизматрасон ба провайдерҳои миллӣ ва байналмилалӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон хабар дод, ки дархости раҳбарияти ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд.
Дар асоси қарори мазкур мақомоти ваколатдори ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” вазифадор карда шуд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис диҳад.
Ҳамзамон ваколатдори ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” бояд расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти амонатии қарзии хурдро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон анҷом диҳад.