ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз заминҷунбӣ сабт шуд.
Ин зилзиларо Маркази мониторинги пешгӯии заминларзаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон сабт кардааст.
Заминларза бо шиддати 4,3 дараҷа соати 16:07 ба вақти Душанбе рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминҷуебӣ дар умқи 203 километрӣ ҷойгир будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон то ҳол дар бораи паёмадҳои эҳтимолии ин ҳодиса иттилоъ надодааст.
Бояд гуфт, ки чанде пеш водии Ғармро заминларза такон дода буд.
Ҳамчунин аз заминларзаи дигар, ки моҳи март дар Мастчоҳ рух дод, садҳо хона валангор шуда буд.