Путин ба Раҳмону президентҳои дигар сипос гуфт: аҷдодони мо якҷо пирӯз шуданд

Раисҷумҳури Русия дар Майдони Сурх аз он роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миннатдорӣ кард, ки барои таҷлили рӯзи Ғалаба ба Маскав омаданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Аҷдодони мо якҷоя мубориза бурданду якҷоя пирӯз шуданд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар хитоб ба роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ.
Путин зимни суханронияш дар Майдони Сурх ба роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миннатдорӣ намуд, ки барои таҷлили 78-умин солгарди Ғалаба ба Маскав омаданд.
Вай инро баёнгари аҷру эҳтироми амали аҷдодон хонд, ки якҷоя мубориза бурданду якҷоя пирӯз шуданд.
Сари таъзимро пеши ҳамаи онҳое, ки барои Ғалаба мубориза бурданд, фуруд меорем, таъкид намуд Путин. Вай барои поси хотири қурбониёни ин ҷанг лаҳзаи хомӯшӣ эълон кард.
Гузашти ҳарбӣ дар Маскав бо ҳузури президентҳо - видео
Феълан дар Маскав, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Беларус - Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор доранд.
Бар асоси оморҳои нашргардида, Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба ҷабҳа фиристод, ки қариб 100 ҳазори онҳо барнагаштанд.
Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон дода, садҳо ҳазор тон ғалла, пахта, пашм, либоси гарм ва дигар лавозимотро таъмин мекардаанд.