Президенти Қазоқистон раисҷумҳури Тоҷикистонро ба кишварашон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Эмомалӣ раҳмон ба Қосим-Ҷомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Кишвардори Тоҷикистон дар дидор бо раҳбари Қазоқистон изҳори боварӣ кард, ки натиҷаҳои ин сафар, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва бастаи нави санадҳои ҳамкории имзошаванда барои таъмиқи муносибатҳои шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон заминаи навро фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Қазоқистон сафар кард.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ ва соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунанд.