Гурбаи сиёҳро дар ҳуҷраи торик фурӯхтан душвор, бахусус - агар худи гурба он ҷо набошад. Аммо Пентагон солиёни зиёд инҷониб роҳу усулҳои мубориза бо ким кадом объектҳои ношиноси ба амнияти миллии ин давлат таҳдид дошта – бушқоби паранда (UFO) ё худ "лаълии паррон"-ро кор карда мебарорад.
Департаменти махсус ҳам ташкил намудааст, ки дар ҳисобаш якчанд бушқобҳои парандаи нобудкарда дорад, ва барои ин ҳам Вазири дифои ИМА 19 апрел назди кумитаи сенат оид ба фаъолияти “Раёсат оид ба омӯзиши ҳодисаҳои ғароибу хилофи қоида (аномалӣ)” ҳисобот дод.
Бушқоби паранда мунтазам дар ҳаво, дар замин, дар рӯи об, зери об мушоҳида мегардад - бедалелу носанҷида, барои иншоотҳои низомӣ ва амалиётҳои ҷангии ИМА гӯё халал меросонида бошад.
Департаменти махсуси Пентагон бо ҷидду ҷаҳд аз болои он кор карда истодааст, ки бушқобиро фаҳмаду саривақт ба пайдошавии онҳо вокуниш нишон диҳад. Маълумотҳои илмӣ ва ҷосусиро меомӯзанд – ҳар ҳафта то 650 парванда (ҳодиса, воқеа). Вақте нобоварӣ пайдо мешавад, нобоварӣ, Пентагон сабти навори бушқоби парандаро, ки бесарнишинҳои MQ-9 ба навор гирифтаанд, пешниҳод менамояд.
Баробар рух додани ҳодисаҳо, шояд тасодуфанд, ба ҳар ҳол бегоҳии 19 апрел дар осмони шаҳри Киев дурахшҳои равшан пайдо шуданд, сипас кӯчаҳои шаҳрро хатҳои шикастапорахои даргирифтаистода равшан намуданд. Роҳбари дастгоҳи президенти Украина Андрей Ермак бо тезӣ фарзияи нобудсозии бушқоби парандаро бо истифода аз воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ рад намуд.
Хабари алтернативиро дар бораи аз мадораш баромадани дастгоҳи кайҳонии амрикоии RHESSI-ро Петагон тасдиқ накард. Агентии кайҳонии Украина дурахши равшани оншабаро аз афтодани метеорит аз ҷараёни Лирид маънидод намуд. Гурӯҳҳои иҷтимоии киевӣ бошанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки моҳвораи ҷосусии амрикоӣ пас аз "таъсир"-и воситаҳои муборизаи радиоэлектронии русиягӣ суқут кардааст.
Гӯё ин барои Ғарб огоҳӣ буд - дар арафаи вохӯрии навбатии “кишварҳои донор”-и қувваҳои мусаллаҳи Украина дар пойгоҳи ҳавоии низомии Рамштайн дар Олмон. Худи ҳамон рӯз нашрияи The Washington Post хабар дод, ки Русия мехоҳад бо истифода аз маҷмааи "Тобол" кори моҳвораҳои Starlink дар Украина халалдор созад. Ҳар чӣ ҳам бошад, рӯзҳо, бахусус - шабҳои режими киевӣ пурҳаростар мешаванд.
Пештар дар соҳилҳои Аляска, Каролинаи Ҷанубӣ ва Шимолӣ, болои кӯли Гурон дар иёлоти Мичиган қиркунандаҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА таи ҳашт рӯз чор бушқоби парандаро ба нишон гирифтанд, аммо он объектҳо натаркиданд, шикастапораҳояшон ҳам ёфт нашуданд.
Бушқоби паранда ё худ НЛО дар фазои Амрико ва "Болид" дар болои Киев суолҳои бисёре гузоштанд, ки ба онҳо ҳоло посухҳо нестанд. Ин муқаррарист. Сирҳои пурмуамморо солиёни зиёд аст, ки мутахассисони Пентагон кушода наметавонанд. Мухимтараш - ҷудо намудани маблағ барои мубориза бо адамфазоӣ, “муртад”-ҳои Замин.
Фақат тиҷорат
Вазири дифои ИМА Ллойд Остин ва ҳамсафони соҳибвазифаи вай рӯзи гузашта дар бораи таҳдидҳои нав ва чораҳои мухолифат бо онҳо ва "нархҳо" гуфт.
Ғайр аз аҳли ситораи дигар, амрикоиҳоро ихтирооти русиягӣ, чинӣ ва Куриёи шимолӣ, ки бо онҳо мушакхои замонавии ояндадори ҳамаи намуд ва диапазонашон гунногун мусаллаҳ гардонида шудаанд, безобита мекунад. Мудофиаи зиддиҳавоии Украина дар рафти амалиёти вижаи низомии русиягӣ бошад ба Пентагони накӯкор 35 млрд доллар арзиш дошт.
Барои ҳамин, чизи беҳтарине, ки Конгресси ИМА барои амният ва бузургии Амрико карда метавонад, ин ба таври таъҷилӣ Қонун дар бораи мудофиа ва сохтмони ҳарбиро қабул намояд - яъне, ки қонун дар бораи маблағҷудокуниҳои навро. Талаботҳои Вазорати мудофиаи ИМА хоксорона нестанд:
-5 млрд доллар барои навсозии имкониятҳои кайҳонӣ, барои пайгирӣ намудани ракетаҳо иншоотҳои инфрасурхи душман;
- 2,2 млрд доллар барои боздошткунандаҳои насли нав ва тайёраҳо аз ширкати Lockheed Martin барои мубориза бо ҳуҷумҳои душман дар ҳаво;
- 2,2 млрд доллар барои мушакҳои Standard Missile 3, Terminal High Altitude Area Defense ва дастгиркунандаҳои Patriot PAC-3;
- 1,5 млрд доллар барои амалҳои ҷавобӣ ба таҳдидҳои мушакҳои сатҳи нисбатан паст
- 1,5 млрд доллар барои ҳимояи Гуама (ҷазира дар ғарби Уқёнуси Ором)
Рӯихат нопурра аст, аммо ба ҳар ҳол дар бораи иштиҳои Пентагон, ки буҷааш имсол наздик 850 млрд долларро ташкил медиҳад, тасавв
урот дода метавонад. Маблағ рекордист, ҳарчанд ба Амрико ҳеҷ кас таҳдид надорад.
Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов дирӯз дар мусоҳибааш бо Newsweek изҳор дошт, ки маҳз Вашингтон ба таври яктарафа гуфтушуниди дутарафаро бобати суботи стратегӣ боздошт. Ҳадаф аз ин гуфтушунид - гузоштани асос барои чораҳои минбаъд андешидамешуда дар самти назорат аз болои яроқу аслиҳа ва паст намудани хатар буд.
Ва натиҷа чӣ шуд?
Маҷаллаи The Wall Street Journal иқрор мешавад, ки муборизони сохтаном барои демократия – Иёлоти муттаҳида - дар сайёра яккаву танҳоянд, охир ҳеҷ кас таънаҳои ҷанҷолӣ, танбеҳу сарзаниш, таҳримҳоро дӯст намедорад. Ва фурӯпошии бетартибонаи пайравони Амрикоиро чун Ғалаба ва чун сиёсати берунии пешбаранда муаррифӣ кардан лозим нест.
Маблағҳои калон бисёриҳоро аз ақл ва аз хадафҳои заминӣ бегона месозанд.
Бинобар ин, Пентагон бушқоби парандаро таъқиб мекунад. Мушакҳои фароовозии амрикоӣ фақат дар лоиҳа мавҷуданд, киштии кайҳонии бесарнишини SpaceX дирӯз пас аз чанд дақиқаи парвоз таркид. Ҳатто одамфазоён ба “орзуи амрикоӣ”-и ҳукмронӣ дар ҷаҳон механданд.