ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар Челябинск санҷиши муҳоҷирон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ оғоз шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар минтақа.
Кормандони Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Челябинск дар якҷоягӣ бо ҳамкорони ФСБ ва Раёсати марзбонии ФСБ дар минтақа амалиёти ҷустуҷӯи шаҳрвандони ғайриқонуниро эълон карданд.
Ҷойҳои истиқомат, "тамаркуз ва бо кор таъмин кардани хориҷиён" ба таври оммавӣ тафтиш карда мешаванд.
Дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-пешгирикунандаи “Муҳоҷири ғайриқонунӣ” кормандони сохторҳои қудратӣ қонунӣ будани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия, мавҷудияти иҷозатнома барои корро тафтиш мекунанд.
Мақомоти минтақаҳои Федератсияи Русия метавонанд бо мутобиқшавии муҳоҷирон сару кор гиранд
Ҳамаи муҳоҷиронро, ки қонунҳои Русияро нақз мекунанд, муҷозоти маъмурӣ интизор аст ва ҳамчунин аз қаламрави Русия ихроҷ хоҳанд шуд.
Илова бар ин, нисбати корфармоёне, ки муҳоҷиронро аз роҳи ғайриқонунӣ ҷалб мекунанд низ чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Ҳоло барои шуғли ғайриқонунӣ ҷарима ба маблағи 1 млн рубл ё боздоштани фаъолияти ширкат то 90 рӯз пешбинӣ шудааст.