Ғарбро бӯҳрони банкӣ фаро мегирад: Русия ба макони ором табдил меёбад

Мақомоти ИМА кӯшиши вонамуд сохтани онро доранд, ки гӯё шикасти банкҳо дар моҳи март пешгирӣ ва ба ҳамин минвол, бӯҳрон низ паси сар гардид. Вале ин тавр нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik, Виктория Никифорова. Банкҳои калони минтақавӣ ҳамоно дар панҷаи хатаранд, амонатгузорон чун пештара маблағҳояшонро аз банкҳо гирифта истодаанд. Дар навбати муфлисшавӣ - аз рӯи ҳаҷм чордаҳумин банки ИМА - First Republic истода аст.
Дар мавриди муфлисшавӣ бисёриҳо гаштаву баргашта мегуфтанд, ки ба ин пеш аз ҳама банкҳои азими амрикоӣ, ки сармояи беш аз триллион долларӣ доранд, ҳавасманданд. Гӯё онҳо қасдан ҳарифонашонро ба муфлисӣ мебаранд, то пулҳо сӯяшон “ҷорӣ шаванд”.
Ингуна аст ё не, ба ҳар ҳол ин дафъа Захираҳи Федералӣ аждаҳоҳои молиявиро маҷбур кард, то дар наҷоти банки First Republic иштирок намоянд.
Доротарин банкҳо маблағ ҷамъ намуданду ба ин банк сӣ миллиард доллар хайрот намуданд. Ба тезӣ аён гашт, ки ин чора ба кор намеояд.Саҳмияҳои First Republic ҳамоно ҳоли уфтодан доранд.
Оғози азнавтақсимкунии ҷаҳон аз сӯйи Амрико
Агар замоне онҳо 147 долларӣ арзиш доштанд, акнун арзиши онҳо 12-14 долларӣ гаштааст. Амонатгузорон баровардани пулҳояшонро аз банк идома медиҳанд.
Рӯзномаи The Wall Street Journal бовар дорад, ки банки First Republic маҳкумшуда аст, ва дар ин хусус кушоду равшан менавишад, ҳарчанд ВАО-и ИМА одат доранд ҳақиқати талхи молиявиро аз шаҳрвандон пинҳон доранд.
Сирояти муфлисии банкҳо тез ба банкҳои Аврупо низ паҳн шуд. Банки ба таври афсонавӣ овозадори Credit Suisse “фурӯ рафт”. Саҳмияҳои банки бузургтарин ба монанди Deutche Bank низ кунҷи афтиш доранд. Имрӯз дар калонтарин банкҳои Фаронса BNP Paribas ва Societe General санҷишҳои бисёр бобати сарпечӣ аз андоз гузаронида шуда истодаанд.
Эҳтимолияти суқути оммавии банкҳоро мутахассисон паёмади қарзҳои калони дар ин ситема ҷамъшуда маънидод мекунанд.
Муассисаҳои молиявӣ солҳо боз қарз боли қарз мегиранд ва дар натиҷа маълум шуд, ки 90%-и пулҳояшон фоиз аст ва фурӯравии ин “манора” ногузир аст. Ҳатто ғайримутахассис низ мефаҳмад, ки нодонии ҳукуматҳо ва хасисии банкҳо ба кадом вартаи хатарнок оварда мерасонад.
Аз он, ки ҳукуматҳо дастгоҳи чопи пулро гардон намуданд, беқурбшавии пул дар соли сипарӣ дар ИМА ва Аврупо аз 8% то зиёда аз 20 %-ро ташкил дод. Фоизҳои амонатҳо бошанд умуман бардошта нашуданд. Гирем, масалан, Англияро. Он ҷо расман беқурбшавии пул 11%-ро ташкил медиҳад - дар асл бошад вазъият бадтар аст.
Маск: доллар аз сабаби сиёсати ИМА мавқеи худро аз даст медиҳад
Ҳамаи банкҳои асосӣ бошанд барои пасандоз солона 1,3%-ро пешниҳод доранд. Чунин ҳолат дар ИМА низ ҷой дора, ҳарчанд Захираҳои Федералӣ аллакай як сол аст, ки фоизҳоро мебардорад. Беқурбшавии пул қариб 10%-ро ташкил медиҳад.
“Даромаднокӣ”-и солона аз рӯи пасандози яксола 1,28%, аз рӯи пасандози панҷсола 1,21%-ро ташкил медиҳад. Агар кушоду равшан гӯем,амонатгузорон барои нигоҳ доштани пулҳои худ дар банкҳо пардохти иловагӣ медиҳанд - ва маблағҳои ҳангуфтеро ҳам иловаатан мепардозанд.
Табиист, ки шаҳрвандон маблағҳои худро аз суратҳисобҳояшон мегиранд ва касе куҷое хоҳад, мегузорад. Шахсони алоҳида маблағҳои ҷамънамудаашонро барои харид сарф мекунанд - дар акси ҳол беқурбшавӣ ҳамаи пулҳояшонро фурӯ мебарад.
Тоҷирон ва шахсони доротар мекӯшанд саҳмия гиранд ё кӯшиши хариди тилло доранд. Ин ҷо, аз афташ, ҳама вақт тарсе ҷой дорад, ки мабодо ногаҳонӣ ҳукумат металли қиматбаҳоро мусодира кунад: дар ИМА, масалан, соли 1933 ба шахсони алоҳида доштани тиллоро манъ намуданд ва ин қоида то соли 1974 амал менамуд. Лек ба ҳар ҳол, ин ҷараён фаҳмост – амонатгузорон кӯшиши аз банкҳо баровардани пулҳояшонро доранд.
Пештар ба назар чунин мерасид, ки бакҳои триллионер аз ин тӯфони иқтисодӣ эминанду суғурта доранд. Аммо чунин нест. Ҳисоботи банкҳои амрикоӣ дар тасаввурот наме-ғунҷад.
Politico: Русия дар муносибат бо кишварҳои Осиё ИМА-ро мағлуб кард
Даромади чаҳорумин аз рӯи ҳаҷм банки ИМА - банки Wells Fargo Group – дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 13 баробар кам шуд. Имрӯз саҳмияҳояш нисбат ба соли пеш 27% арзонтар шудаанд. Саҳмияҳои дуюмин банки ИМА аз рӯи ҳаҷми дороӣ-банки Bank of America - низ имрӯз ба 35% арзонтар аз соли пеш арзиш доранд. Ҳамин гуна дар тамоми ИМА.
Аҷоиботаш он аст, ки саҳмияҳои банкҳо ҳамоно пас аз нашри ҳисоботҳояшон поён рафтанд. Шояд барои ҳамин яке аз аждаҳоҳои калонтарини соҳаи банкдории ИМА - банки JP Morgan Chase- барои ба мазҳари ом баровардани ҳисоботаш саросема нест. Вале, сари ин банки таърифӣ ба ҷанҳоли калон монд.
Шабакаи телевизионии CNBC тасдиқ менамояд, ки моликони банк қарор қабул карданд , ки миллиардер, тарафдори ашаддии ҳизби демократӣ, тарафдори “азнавсозии бузург” Ҷейми Даймон-директори иҷроияе, ки ивазнашавандааш меҳисобиданд - аз вазифа озод намоянд. Воқеан, маҳз Ҷейми Даймон ”тӯфони иқтисодӣ”-ро, ки бояд ҷаҳон дар соли 2023 аз сар гузаронад, пешгӯӣ намуда буд.
Патрушев ИМА-ро диктатори асосии ҷаҳон номид
Ногаҳон маълум гашт, ки Ҷейми Даймон бо занҷаллоби овозадор Ҷефри Эпштейн, ки ба таври муаммобор соли 2019 дар маҳбаси Нйю-Йорк вафот кардааст, ҳамкорӣ доштааст. На, ҳоло банкдорро барои зӯроварӣ дар ҳолатҳои конкретӣ айбдор накардаанд. Аммо федеролиҳо гумонбари онанд, ки ӯ ба Эпштейн барои пулкоркунӣ бо роҳи пешниҳоди духтаракони ноболиғ ба ашрофзодаҳову ашхоси доро кӯмак расонидааст.
Маблағҳои бадастовардаи Эпштейн бошад, боз ҳам гӯё бо кӯмаки Ҷейми Даймон, дар банки JP Morgan Chase гузошта шудаву ба таври бобарор сармоягузорӣ карда шуда бошанд. Ҷейми Даймон ваъда дод, ки дар ин хусус таҳти савганд баёнот хоҳад дод.
Ин ҷаноби некнамову сарсафед даҳсолаҳо боз ҷаҳонро мегашту вазъ мехонд ва моро бовар кунониданӣ мешуд, ки камтар истеъмол намоем, камтар хӯрему камтар нӯшем, муҳити зистро эҳтиёт намоему насламонро идома надиҳем ва таъҷилан ҳама ҷинсамонро ба ҷинси муқобил иваз намоем. Ана акнун бошад, дар бораи зӯроварии оммавӣ аз болои ноболиғон баёнот медиҳад. Обрӯву шарафи ҷаҳонӣ ҳамин гуна мегузарад.
Таассуротовар нест, аммо ин ҷанҷоли калон бояд ба масъалаи ҳисоботи банки JP Morgan Chase соя меандохт. Зеро “уфтодани” саҳмияҳои ин банки калонтарин он сири ҳукумати расмӣ, ки банкҳо ҳама дар бӯҳронанду ин бӯҳрон домангири тамоми Амрикову Аврупо мебошад, кушода месозад.
Чормағзи пуч ё Амрико чӣ “армуғон”-е барои кишварҳои Осиёи марказӣ омода намудааст
Ин ҳолат ба ҷаҳони боқимонда то кадом андоза хатарнок аст? Охир, амрикоиҳо устоди содироти муаммову душворҳои худанд. Агар воқеиятро гирем, барои сохтори банкии Русия дар алоҳидагӣ фаъолият намуданаш фоидаовар шуд.
Ба таври тааҷубовар, пешсафтарин дар даромаднокӣ байни банкҳои аврупоӣ банки австриягии Raiffeisen гашт ва фақат аз он ҳисоб, ки худаш ягона бонки хориҷӣ дар бозори русиягӣ монд. Аз ин банк бештар фақат Сбербанки ФР даромаднокӣ дорад.
Табиист, ки хукуматдорони аврупоӣ бо тамоми қувва ба Raiffeisen фишор меоранд, ки аз Русия раваду ҳамроҳи дигар банкҳо муфлис шавад.Чӣ илоҷ, ин ҳолат бори дигар исбот менамояд, ки кишвари мо - бандари қадимаву ором дар тӯфони пурталотуми иқтисодист.