ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ахиран дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Зароббидин гуфт, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.
Ба гуфтаи вай, аз ҷумла 16 адад дегхонаҳои соҳаи тандурустии вилоят ва 99 адад дегхонаҳои гармидиҳии соҳаи маориф таъмирталаб ва корношоям мебошанд.
Вай илова кард, ки мушкилоти бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронкунанда буда, рафъи партобҳои обӣ, мавҷуд набудани системаи муттамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсуда ва дар баъзе ҷойҳо пурра аз кор мондани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ нигаронкунанда аст.
Оқои Файзуллозода афзуд, ки ҳамзамон ҳангоми ҷудо намудани замин барои сохтмони манзили зист ба инобат нагирифтани ифрасохторҳои коммуналӣ аз ҷумла сохтмони системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ, барқ, канализатсия, ба пурагӣ насб нагардидани ҳисобкунакҳои обӣ, мунтазам баланд гардидани нархи барқ, сузишворию равғанҳои молиданӣ ва маводҳои таъиноти техникии соҳа корхонаҳоро дар ҳолати ноустувории молиявӣ қарор додааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар бораи зикршуда масъулинро муваззаф кард, ки сари ин масъала ҷиддӣ чораю тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намоянд.
“Раисони шаҳру ноҳияҳо кори соҳаро таҳти назорати қатъӣ гиранд”, - гуфт Давлаталӣ Саид.
Раиси вилоят ҳамчунин роҳбарони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки камбудиҳоро сари вақт ислоҳ намуда, беҳбудии соҳаро таъмин кунанд.
“Хизмати халқро дар ҷойи аввал гузоред, зеро ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон расонидани мардум ба зиндагии шоиста мебошад”, - гуфт раиси вилояти Хатлон.