ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи толибҳо теъдоди асомии аъзои ин гурӯҳ дар феҳристи сиёҳи СММ ва Амрикоро ҳудуди 20 то 25 нафар эълом кард ва гуфт, ки соҳибони бархе аз ин асомии фавт шудаанд ва теъдоди каме аз онҳо дар фаъолиятҳо толибҳо мушорикат доранд.
Сухангӯи толибҳо адами ҳазфи асомии аъзои ин гурӯҳро нақзи тавофуқнома Давҳа донист ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки ба ҷои фишор бо ҳукумати толибҳо ҳамкорӣ кунад.
Оқои Муҷоҳид, аъмоли фишор ва зургӯйиро бе натиҷа тавсиф кард ва ба ду даҳаи ҷангу ишғолгариҳои Амрико ишора кунада гуфт, “бист соли ҷанг собит кардааст ки мардуми Афғонистон таслими фишорҳо нашуда ва намешаванд ва беҳтараст таомул, гуфтугӯ ва тафоҳум ҷойгузин фишор шавад.
Кишварҳои ғарбӣ ва дар раси онҳо Амрико, аз дербоз барои таҳмили хостаҳои худ ба дигари кишварҳо, аз абзори таҳрим истифода мекунанд.
Амрикоиҳо бо мушоҳида ҳар мухолифате, билофосила ба таҳриму сабти асомии шахсиятҳои кишвари мухолиф дар феҳристи сиёҳ мубодират мекунад.
Амрикоиҳо бидуни тавваҷуҳ ба вазъияти мардуми Афғонистон бо толибҳо ҳамин равияро дар пеш гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки таҳримҳои Амрико беш аз он ки толибонро ҳадаф қарор бидиҳад, мардуми Афғонистонро дучори мушкил карда аст.