ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Айни замон ВАО кишварҳои Осиёи марказӣ ба сафари Энтони Блинкен мароқ зоҳир намудаанд.
Дар ҳошияи изҳоротҳои ҳангомадори Департаменти ИМА сафари ба қарибӣ дар шаҳри Душанбе доштаи ҳайати аъзоёни Конгресси Амрико, ки дар ҷараёни он бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Акбар мулоқот доштанд, аз назарҳо дур монд.
Мавзӯъҳои муҳокимашуда рӯзмарра, лек нав набуданд: хатари терроризм дар Осиёи марказӣ, ситемаи мониторинги тақсими кӯмакҳои башардӯстона, зарурияти ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон.
Дар назари аввал ягон чизи ғайриоддӣ нест-агар як нуктаро мадди назар кунем–Кохи сафед бо сафири давлати ҳоло ташкилношуда дар алоқа аст.
Давлате, ки ҳайати низомиёни Амрико тарафдорони вафодори худро аз дохили худи ҳамин давлат “ҳаволатон ба тақдир” гуфта, аниқтараш-ба дасти толибон гузошта, думро хода намуда буданд.
“Таърих борҳо исбот намудааст,ки мақсадҳои “наҷибона”-и ИМА фақат ба дӯзах мебаранд. Ба ин нафақат сокинони Афғонистон,ки пас аз ҳузури даҳсолаҳои НАТО ба садсолаҳо ақиб гашта истодааст, балки дигар кишварҳои мутараққӣ,ки бо онҳо Кохи сафед сарукор дорад,боварӣ ҳосил намудаанд", –мегӯяд сиёсатшинос Александр Афанасев.
Ба андешаи таҳлилгар,Вашингтон,ки асосан бо Лоиҳаи “Украинаи мустақил” банд аст, “доираи бегонасозӣ”-ро дар атрофи Русия тангтар месозад. Дар ҷое муваффақтар (кишварҳои наздибалтик,Молдова),ҷои дигар-суст.Кишварҳои Осиёи маказӣ ба гарӯҳи дуюм шомиланд.
На, кӯмакҳои Амрикоро онҳо мепазиранд,лекин дар баробари ин,бо сабабҳои гунногун муносибатояшонро бо Москва канданӣ нестанд. Буҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз интиқоли маблағи пулии муҳоҷирони меҳнатӣ,ки бештарашон дар Русия кору зиндагӣ доранд, вобастагии калон дорад. Савдо, азҷумла-харидории маводи ниёзи аввал,боз ҳам бештар бо Русия сурат мегирад.
Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар ҳошияи кӯчонидани манфиатҳои Кремл аз Ғарб ба Шарқ танҳо таи соли сипарӣ ба таври зарурӣ ба рушди иқтисоди худ муваффақ шуданд ва дар натиҷаи бунёди истеҳсолоти муштарак,рушди савдо ва кашонидани бору коло даромади хубро ҳам ба даст оварданд. Фақат Туркманистон мемонад,ки чун анъана рафтори ҷудогона дорад. Аммо,вақтҳои охир,ин кишвар низ роҳи ҳамкории самаранокро бо Русия ва ҳамсояҳояш пеш гирифтааст.
“Манфиати кишварҳои минтақа аз ҳама гуна хайру садақаи кишварҳои Ғарб болотар меистанд. Гирем, масалан,техникаи ҳарбии ба кишварҳи Осиёи марказӣ гузоштаи Амрикоро. Ҳисобу китоби одӣ нишон медиҳад, ки бурдани онҳо гаронтар аз партофтани ин техника буд. Лекин амрикоиҳо дар ин маврид барои нуфузи худ кор карданд. Яъне,гуфтанианд ки бинед-мо ғами амнияти шуморо мехӯрем. Ҳарчанд дар муқоиса бо он кӯҳи яроқи ҳарбие,ки дар дасти толибон пас аз фирори НАТО дар Афғонистон мондааст,ин теъдод зарра метобад”, - механдад Афанасев.
Таҳлилгар бар он бовар аст,ки тарзи фирои низомиёни ИМА бо усули KFOR аз Афғонистон пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд.Пас аз боварӣ ҳосил кардан, ки ин ”мазористони монархистӣ” барояшон дандоншикан аст,роҳи гурезро пеш гирифтанду дар баробари ин исломиёни радикалиро барои то чанд даҳсолаҳои пеш ба яроқ таъмин намуданд.
Дар натиҷа, кишварҳои минтақа дарди сари сахтеро дар шакли манбаи терроризми байналхалқӣ гирифтанд. Бар замми ин,ашхоси алоҳада аз ғорати захираҳои табиӣ ва интиқоли маводи нашъаовар ҷайбашонро пур карданд. Кохи сафед акнун,ки дар ҳуҷуми ошкоро мағлуб шуд, ҳуҷуми пӯшидар интихоб намудааст.
Ба ёд овардани он“тасодуф”кофист,ки ҳамин ки низомиёни Амрико аз Афғонистон фирор намуданд,“Вилояти Хуросон”* фаъол гардид.Ин маънои онро дорад, ки Вашингтон ҷангро дар замин бой дода,усули дигар–амлиётҳои махфиро пеш гирифтааст ва барои расидан ба мақсадҳои геополитикии худ аз қувваҳои ифротгаро низ истифода мебарад.Барои мисол дур рафтан лозим нест.
Тафтиши ҳодисаҳои фоҷеабор дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон даст доштани қувваҳои берунаро нишон доданд. Эътирозҳои оммавӣ дар Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон,ки аз ҷониби низомиён пешгирӣ гардиданд,тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо кӯмаки ҷангиён аз ҳамсоякишвари Афғонистон ташкил шуда будаст.
“Айни замон теъдоди аъзоёни бахши “Давлати исломӣ”* бамаротиб афзуда,қариб 6,5 ҳазор нафаро ташкил медиҳад ва аз ин теъдод то 4 ҳазор нафарашон дар сарҳадҳои ҷануби Тоҷикистон ҷамъ шудаанд,”–хушдор медиҳад сардори ситоди СПАД генерал-полковник Анатолий Сидоров.
Ин тамоюл наметавонад Душанбеи расмиро ором гузорад.Агар толибон ҳамсоякишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро намоишкорона ба сулҳхоҳ будани худ бовар кунониданӣ бошанд, пас радикалҳои исломӣ, ки мақсади ниҳоиашонро ташкили давлати ягона аз ҳисоби кишварҳои мусулмонӣ аз рӯи меъёрҳои шариат мегӯянд, дар ғами обрӯи худ нестанд.
Хуллас,ба гуфти роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Тоҷикистон омода аст ба душмани беруна зарбаи ҷавобӣ диҳад ва дар ин амал танҳо ҳам нест.
“Мо ҳамеша омодаем.Барои чунин ҳолатҳо мо нақшаи муштарак дорем,ки дар сурати зарурӣ амалӣ мегардад.Ҳамчунин,ҳини пеш омадани зарурат дар ҳифзи сарҳади Тоҷикистон нерӯҳои СПАД сафарбар карда хоҳанд шуд,”-изҳор дошт вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.
Дар бораи зарурияти ҳушёрӣ ва омодагии доимӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо низомиёни кишвар дар арафаи иди касбии эшон низ гуфт.
Аз иттифоқчиён кӯмаки ҳангуфт ворид ҳам мешвад. Масалан, Русия айни замон дидбонгоҳҳои сарҳадии замонавитаринро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бунёд намуда истодааст.
Ҳайати шахсии дивизияи 201-уми пойгоҳи низомии Русия бо ҳамтоёни худ ҳамвора машқ доранду ба эшон таҷрибаи ҷангии худ ва малакаи истифодаи техникаи ҷангиро меомӯзонад.
Пекин барои пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ва муҳофизат аз чунин хатар омодааст кӯмаки муайянеро расонад.Дар чунин шароит Департаменти давлатии ИМА-ро навохтани оҳанги зидди Русия ва ҳам Пекин осон нест.
Ин ҷо не Вилнюс, не Ригаву не Таллину не Кишинёв аст,ки бадбинии Москва,ба қавле,аз ҳама сӯрохиҳо,чун партовҳои аз мошини партовкашон парешон,мезиҳад.
“Дӯстони мо мефаҳманд, ки кадом мақсадҳоро Ғарб дар қаламрави умумии мо пайгирӣ дорад.Бинобар ин,онҳо мехоҳанд,механизмҳои иловагӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро аз нигоҳи интегратсионӣ ва тавре ба роҳ монанд,ки аз таъсири Ғарб ва дахолати ғайриқонунӣ аз берун эмин бошад", - зикр намуд вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров.
Ҳамзамон, Сегей Лавров илова намуд, ки “ғуссахӯрӣ-и Гарб дар ин маврид ягон диққати ҷиддиро ба худ ҷалб накардааст.Ба гуфти бузургон,“бигрез аз он шакар, ки бо заҳр омехт”.
Аз пайравони муосири онҳо, ки дар чапу ростанду морони даруни остинро мемонанд,ҳаросидан даркор нест.Фақат дӯстии беғаразонаро аз ниятҳои баъзеҳо,ки мақоли “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро мемонад,фарқ карда тавонистан лозим.
Ин гуфтаҳо, ҳамчунин,ба сафари аъзоёни конгресси ИМА ва сафари Энтони Блинкен бо ваъдаҳои саховатмандонаашон ба кишварҳои Осиёи марказӣ дахл дорад.
Ҳарчанд,чуноне аз ҷамъбасти ин сафарҳо ба Қазоқистон бармеояд, шартномаҳои дақиқ барои ҳамкорӣ ба имзо нарасидаанду корҳо, чун ҳарвақта,фақат бо додани ваъдаҳо маҳдуд шуданд.
* - Созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия
* - ”Давлати исломӣ”(ДОИШ) - созмони террористии мамнӯъ дар Русия