ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Тобоварии биноҳои баландошёна ба зилзила дар се шаҳри бузурги кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар аз ҷониби комиссияи махсус санҷида хоҳад шуд.
Бино ба иттилое, ки аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ин комиссияро муовини раиси Кумита, Абдураҳмон Каримзода сарварӣ хоҳад кард.
“Дар ин комиссия аз раёсати Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, Институти геология ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо, Пажуҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии сохтмон ва меъморӣ, корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” ва дигар мутахассисон узвият доранд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар ин санҷиши куллӣ иншоотҳои дар давоми солҳои 2018-2022 сохташуда ва дар ҳоли сохтусоз дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор мегиранд.
“Дар давоми кор риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ санҷида хоҳанд шуд", - гуфтанд дар Кумита.
Таъкид гардид, ки аз ҷумла бо назардошти эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид ва устувории сейсмикии воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрманзилаи сохташуда ва дар ҳоли сохтмон арзёбӣ хоҳад шуд.
Қарор аст, ин комиссия корашро то 10 марти соли 2023 ба анҷом расонда, аз натиҷаи кораш ба раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳад.
Иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди санҷиши тобоварии сохтмонҳои кишвар ба зилзилаҳои эҳтимолӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки 6 феврал дар пайи як зилзилаи шадид дар Туркия ва Сурия садҳо бинои маскунӣ хароб ва беш аз 40 ҳазор нафар ҷонҳои худро аз даст доданд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом дошта буданд, ки иншооту биноҳои кишвар бо назардошти зилзилаи 9- балла сохта шудаанд ва дар 150 соли ахир дар қаламрави кишвар сахттарин зилзила бо шиддати 7.2 бал рух додааст.