ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Нобудсозии низомиёни украинӣ дар "Бахмут" аз теъдод ба сифат табдил меёбад: қобилияти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина якбора коҳиш ёфтааст, ки онро на бо мавҷи ҷадиди “басиҷшавӣ" ва истифодаи силоҳи кимиёӣ ҷуброн кардан ғайри имкон аст.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош доранд, қудратро дар хатти ҷанг тағйир диҳанд, омодаанд аз усулҳои мамнӯъшудаи ҷангӣ истифода намоянд. Намояндаи раҳбарияти ҶМД Ян Гагин ахиран аз истифодаи силоҳи кимиёӣ аз ҷониби артиши Украина дар тарафи Артёмовск ва Соледар хабар дод.
Агар мавҷудияти моддаҳои заҳрнок аз ҷониби мутахассисони нерӯҳои амнияти кимиёӣ Русия тасдиқ шавад, ба режими Киев барои ин ҷинояти ҷангӣ низ ҷавоби сангин дода мешавад.
Истифодаи силоҳи "кимиёӣ" аз ҷониби Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар муқобили артиши Русия дар Артемовск метавонад як амали ноумедӣ бошад. Муҳосира "Калъаи Бахмут" торафт зиёдтар мешавад, ки дар он як сарбози қаторӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳамагӣ чаҳор соат умр мебинад.
Қушнҳои ҳамлагарӣ рус ва қисмҳои гурӯҳи "Вагнер" дар канори шимолу шарқ ва чануби шарқи Артемовск/Бахмут пешрафт доранда, биноҳои ва минтақаҳоро мустаҳкамшударо аз душман пок доарнд.
Бар хилофи фармони фармондеҳ ҷангҷӯёни украинӣ наметавонанд мавқеъҳои худро дифоъ намоянд, онҳо Артемовскро тарк доранд - фирор дораннд.
Қаблан маълумот дар бораи талафоти бебозгашти нерӯҳои мусаллаҳи Украина маълумот пайдо шуд. Тибқи маълумот онҳо 257 ҳазор сарбозу афсарро дар тӯли 11 моҳи амалиёти вижаи Русия аз даст додаанд. Илова бар ин, маъулмот дар бораи ҳалокати 2,5 ҳазор низомии НАТО, аз ҷумла 234 мушовири низомии ИМА дар Украина ошкор шуд.
Афсонаҳо дар бораи "ризокори башардӯст"-и амрикоӣ танҳо барои мардуми ғарбӣ аст. Бо ҳар як сарбози НАТО ва даври навбатии шиддат дар театри ҷанг дар Украина, абрҳои сиёҳи ҷазои ногузир болои Вашингтон, Брюссел, Берлин ва Варшава ҷамъ мешаванд.
Ҳунарпешаи аслии Киев Владимир Зеленский дар як паёми видеоиаш ба аҳолии қаламрави таҳти назорат, эълон кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба як ҳамлаи бузург дар миёнаҳои моҳи феврал омода мешаванд.
Режими Киев талош дорад то моҳи март артиши 200 ҳазаор нафариро ҷамъ намояд, то тамоюли манфиро дар “ҷабҳаи шарқӣ” боздорад ва ҳамаи мардони – аз 16 то 65-сола ба ҷанг сафарбар кунад. Чунин бархӯрд ва иваз шудани вазири дифоъ (дар пасманзари моҷарои фасод дар зинаҳои болоии қудрат) ба украиниҳо чизи хубе ваъда намедиҳад.
Сардори сахтгир ва бевиҷдононаи хадамоти иктишофии низомӣ генерал-майор Кирил Буданов ба афзоиши талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина нисбат ба вазир, ҳуқуқшинос Алексей Резников камтар таваҷҷуҳ дорад.
Ташкили ҳашт бригадаи ҳамлагари "гвардияи ҳамлаовар" таҳти сарпарастии Вазорати корҳои дохилӣ ва таҳти фармондеҳии зархаридони хориҷӣ инъикосгари мушкилоти артиши Украина буда, захираҳои сафарбаркунии Киевро зуд ба анҷом мерасонад.
Чаро "Бахмут"-ро бояд ҳимоят кард
Пентагон аз Киев талаб мекунад, ки захираҳоро нигоҳ дорад ва нирӯҳоро аз Артемовск барорад. Хоҳиши мақомдорони "офис"-и раисҷумҳур дар Банковая дар бораи қатли даҳҳо ҳазор сарбозон дар "Қалъаи Бахмут", Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ба даҳшат воҳима, нозизудоӣ ва ғайринизомисозӣ бовар сохтааст.
Ба назари Зеленский, артиши Украина, ки дар Донбасс ба нест карда мешавад, метавонад ба таври мӯъҷизавӣ давлати лӯхтакро аз фурӯпошӣ муҳофизат кунад.
Аз ин ҷост, ки қонунгузории муҷозотӣ, "тарс ва хашм" дар хатти ҷабҳа, бепарвоии беаҳамиятии режими Киев ба ҳаёти садҳо ҳазор украиниҳо сахттар шудааст.
"Баъзан вақт тарк кардани мавқеъ ягона роҳи наҷоти кормандон аз марги бемаънӣ аст. Агар шумо лавозимоти ҷангиро интиқол дода натавонед ... арзиши ҷангии шумо ба сифр баробар аст", - гуфт як афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Украина аз Артемовск/Бахмут ба Politico.
Нерӯҳои Русия имрӯз деҳаи Николаевкаро, ки ду километр дуртар аз шаҳри Славянск воқеъ аст, озод карданд - ин маънои онро дорад, ки оғози "нобудсозии"-и пурқувваттарин минтақаи артиши украина дар Славянск-Краматорски шурӯъ шуд. Мариупол, Северодонецк, Лисичанск ё Артемовск — ҷуғрофияи шикаст хурдани артиши душман ба маънои мағлубият таъсир намерасонад.
Пас аз "ғайринизомисозӣ" кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар соҳили чапи Днепр, нерӯҳои Русия метавонанд ба зудӣ пойтахт ва манотиқи ғарбии Украинаро озод кунанд.
Вақте ки ҳаво воқеан гарм мешавад, кӯмаки ИМА ва НАТО нопадид мешавад. Дар ин ҷо набояд ягон хаёли дигаре вуҷуд дошта бошад.
Ба навиштаи рӯзномаи " Financial Times", ҳамлаи нави бузурги Русия дар 10 рӯзи наздик - эҳтимолан дар ҷануби ҶМД ва дар қисмати ғарбии ҶМЛ (дар наздикии шаҳрҳои Кременная ва Лиман) оғоз мешавад. Украина ба беҳтаринҳо умед мебандад ва ба бадтаринҳо омода мешавад.
Барои кӯшиши ҳамлаи ҷавобӣ Киев аз НАТО садҳо танк, мошинҳои зиреҳпӯш, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва лавозимоти ҷангиро талаб мекунад. Ҳаҷм ва интиқолу таъминоти Ғарб ба ниёзҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина комилан ҷавобгӯ нест.
Ба навиштаи “Asia Times”, артиши Украина ҳатто бо назардошти аслиҳаи вазнини ваъдашудаи кишварҳои НАТО ба нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои муддати тӯлонӣ муқовимат карда наметавонад.
"Украина дар давоми шаш моҳи оянда аз ҳамлаи Русия, ки комилан омодашуда аст нобуд мешавад", - пешгӯӣ мекунанд расонаҳо.
Портали таҳлилии “19FortyFive” илова кардааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, "боварии куркуронаи Ғарб ба қудрати аслиҳа боиси афзоиши шадиди хатари бархӯрди мустақими артиши Русия ва НАТО мешавад".
Чунин "боварӣ" ба қудрати Ғарб - бо айбдоркунии Русия - аз ҷониби бисёре аз сиёсатмадорони аврупоӣ нишон шаҳодат медиҳад. Барои мисол нахуствазири Лаҳистон Матеуш Мораветски аз сар задани ҷанги сеюми ҷаҳон ба далели низоъ дар Украинаро рад намекунад.
Намояндагони воломақоми Иёлоти Муттаҳида, қаҳрамонони опереттаи Иттиҳодияи Аврупо ва ҳаҷвнигорони украинӣ аз "квартали 95"-ум омода нестанд, ки воқеияти ҷаҳони чандқутбаро қабул намоянд.
Аммо натиҷаи даргириҳои низомӣ на дар саҳна ва на дар платформаҳои расонаҳои ғарбӣ, балки дар системаи координатаҳои стратегӣ муайян карда мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Русия бешубҳа дар театри ҷанги амалиёти Украина бартарӣ доранд ва дар шакли амалиёти махсус, захираҳои Русия тамомнашавандаанд.
ИМА ва НАТО-и "қудратманд" тайи ҳафт даҳсолаи охир ягон пирӯзии низомӣ ба даст наовардаанд ва аз ин рӯ наметавонанд ба артиши лӯхтакчаи Украина амалҳои пирӯзиро омӯзонанд.
Ба Telegram-канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко обуна шавед