Шореҳи низомӣ гуфт, Украина аз ИМА ва Аврупо чӣ миқдор танк дастрас мекунад

Обуна шудан
ИМА метавонад ба зудӣ Аврупоро бо танкҳое, ки ба Украина супурд, пур кунад, зеро дар анборҳои он кишвар ҳазорон мошинҳои фарсудаи низомӣ қарор доранд
Дар баробари ин, худи Амрико, эхтимол, ҳанӯз ба таври оммавӣ Abrams- ҳои худро ба фронт нафиристад, балки танҳо як қисматро ирсол мекунаду халос.
Дар ин бора Сергей Денисентсев, шореҳи низомӣ, коршиноси Маркази таҳлили стратегия ва технологияҳо дар мусоҳиба бо Sputnik изҳор дошт.
Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ҳар як техникаи низомӣ ва ёрирасони душман, ва ҳар иншооте, ки ба зерсохтори низомӣ тааллуқ доранд, инчунин зерсохторҳои шаҳрвандӣ, ки баро расидан ба ҳадафҳои низомӣ мусоидат мекунанд, ҳадафи қонунӣ шуморида мешаванд.
Вазири хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина аз тараи Ғарб ба пешрафти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0