ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода, афзуд ки Раҷаббой Аҳмадзода аллакай аз макони бунёди майдони мазкур боздид намуд.
Бар хабари манбаъ, майдони парчам бо маблағгузории ҳокимияти вилояти Суғд ва ҳамчунин ноҳияи бобоҷон Ғафуров сохта мешавад.
Зикр гардид, ки майдони парчам дар масоҳати 0,25 га сохта шуда, дар атрофи он фаввораҳо ва нишастгоҳҳо бунёд мегардад. Илова бар ин майдон сабзазор шуда, ба макони мувофиқ барои сайру гашт табдил меёбад.
Сохтмони майдони Парчами давлатӣ дар ҳолест, ки охирин даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамин минтақа сурат гирифт.
Ҷониби Қирғизистон рӯзи 16 сентябр бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаро мавриди ҳамла қарор дод, ки дар натиҷа 12 сокини маҳаллӣ зимни адои ибодат кушта шуданд.
Илова бар ин, дар ин минтақа даҳҳо хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ мавриди ҳамлаи ҳарбиву низомӣ қарор гирифта буд.
Қобили зир аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.